​Таҷлили Рӯзи китоб дар донишгоҳ

Таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз!” дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб чорабини тантанавӣ баргузор гашт.

Ин иқдом бо ташаббуси Китобхонаи марказии донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади арҷгузорӣ ба китоб ва баланд бардоштани завқи китобдӯстии ҷомеа роҳандозӣ гардид.

Ректори донишгоҳ Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи китоб шодбош гуфта, баён дошт, ки таҷлили ин санаи фараҳбахш дар арафаи 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи нек ва шоиста аст.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода аз аҳамият ва зарурияти таҷлили рӯзи китоб сухан карда, гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб ба масъалаҳои таҷдиди мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимӣ, таҳияву таълифи китобҳои дарсии давраи нав ва дастурҳои методӣ, ташкили китобхонаҳои электронӣ ва табъу нашри осори адибону нависандагон эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт тадбирҳои имконпазирро амалӣ мекунад.

Ҳамзамон, директори Китобхонаи марказии донишгоҳ Дилбар Самадова сухан ронда, ба роҳбарияти донишгоҳ ва раёсати кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои садорати китобхона дар баланд бардоштани нерӯи зеҳнии ҷомеа миннатдорӣ баён намуд.

Сипас, миёни иштирокчиёни чорабинӣ оид ба муҳтавои асарҳоозмуни “Заковат” гузаронида шуда, ба ғолибони озмуни донишгоҳии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ва озмуни фавқуззикр аз ҷониби раёсати донишгоҳ ва КИВ ҲХДТ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ