​“Расонаҳои нав: назарияи иҷтимоӣ ва методологияи таҳқиқ” таҳти ин унвон конференсияи вилоятӣ баргузор гашт

Имрӯз 4-уми март, бо ташаббуси кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик бахшида ба 108 солагии Рӯзи матбуоти тоҷик конференсияи вилоятии илмӣ-амалии "Расонаҳои нав: назарияи иҷтимоӣ ва методологияи таҳқиқ" бо иштироки устодон, донишҷӯён ва намояндагони ВАО доир гардид.

Рӯзноманигорони шинохта, устодони кафедра Илҳоми Ҷамолиён, Каримбой Комилов ва Инобатхон Қосимова дар мавзӯъҳои "Махсусияти бренди шахсии журналист", "Нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои иттилоотӣ" ва "Журналистикаи додаҳо-бахши нави медиа" маърӯза намуданд.

Дар конференсия паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои мавриди назар аз ҷониби устодон, коршиносон ба таври васеъ баррасӣ гардид. Донишҷӯён дар раванди чорабинӣ донишу фаҳмиши худро васеъ ва роҳу усулҳои навро дар таҳияи маводи ВАО азхуд намуданд.

Дар ҳамоиш Мӯсобек Мироватов - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд баромад намуда, устодону омӯзгоронро аз номи Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилоят бахшида ба 108 солагии Рӯзи матбуоти тоҷик таҳният кард.

Дар ҷараёни ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи вилояти Суғд устодон ва донишчуёни фаъол бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ