​Ҳафтаи илм дар факултети санъат

Дар факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» семинар-консерт ва намоиши асарҳои рассомону хайкалтарошон баргузор гардид.

Аз намоиши асарҳои рассомону хайкалтарошон Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродов ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Хайруллоҳ Сабуров бо ҳайати устодон ва донишҷӯён дидан намуда, ба ҳунару маҳорати эҷодгарон баҳои баланд доданд. Дар қисмати илмии чорабинии фавқуззикр роҷеъ ба роҳу усулҳои интихоби мавзӯъ, тарзи нигориши асарҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин, дар доираи ҳафтаи илм семинар-консерт таҳти унвони «Суннатҳои санъати навозандагии дутор» ташкил ва гузаронида шуд. Дар қисмати назариявии семинар-консерт доир ба созхои дутор ва намудхои он маълумоти муфассал ироа гардида, иштирокдорон масоили мавқеи сози дутор дар санъати миллиро матраҳ намуданд.

Донишҷӯён бо истифода аз дутор ва дигар созҳои мусиқии миллӣ барномаи фарҳангиву фароғатӣ манзур намуданд, ки табъи ҳозиринро болида сохт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ