“Ганҷи сухан” ба тариқи онлайнӣ баргузор шуд
Нишасти 185-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” ба тариқи онлайн аз толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров адибону муҳаққиқонро тавассути фазои маҷозӣ ба ҳам овард. Адабиётшинос ва шоир Нуралӣ Нурзод маҳфилро оғоз бахшид ва ҳозирин бо барномаи он ошно намуда, аз раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои ҳамкорӣ изҳори сипос намуд.
Роҳбари маҳфили “Ганҷи сухан” адабиётшинос Саидумрон Саидов аз нақшаҳои минбаъдаи маҳфил изҳори назар намуд ва аз тасмими минбаъдаи аҳли маҳфил оид ба идома бахшидани маҳфилҳои онлайнӣ дарак дод ва гуфт, кинашри шумораи навбатии силсила китоби “Армуғони “Ганҷи сухан”дар назар аст ва аз адибону муҳаққиқон ирсоли чакидаи хомаашонро дархост кард.
Чун анъанаи дерини маҳфилдар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ” китобҳои тозанашррро устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мавҷуда Ӯруновава омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Хуршед Эҳсон муаррифӣ намуданд.
Номзади илмҳои филология, досенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, адабиётшинос Шарифҷон Тоҷибоев дар мавзӯи “Назаре ба шеъри муосири тоҷик” маърӯзаи мухтасаре ироа кард ва таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба заъфи адабиёти кӯдак ҷалб намуд.
Шоирони навпардоз Абдуҷаббори Суруш (Душанбе), Фирдавси Аъзам (Аврупо), Нусратулло Бобоев (Русия) аз шеърҳои навэҷодашон қироат намуданд.
Адабиётшинос Замирахон Ӯлмасова дар бораи шеъри Шоири Халқии Тоҷикистон Озарахш ва муҳаққиқи номвар Субҳони Аъзамзод оид ба шеъри Нарзуллои Азизиён андешаҳои илмии худро баён намуданд.
Сониян адибон Дилшода Фарҳодзода (Бухоро), Маликнеъмат Неъматов (Масчоҳ), Абдураззоқи Раззоқ (Душанбе), Хуршед Эҳсон (Душанбе), Эҳсон Раҷаб (Хуҷанд), Нуралӣ Нурзод (Хуҷанд) бо ашъори дилангезашон маҳфилро шеърборон карданд. Тасмим шуд минбаъд дар нишастҳои маҳфил ашъори адибони ҷудогона мавриди нақду баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил