Паём – дастурии рўимизии ҳар як шахс
«Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврўз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст.
Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад» -ЭмомалӣРаҳмон
Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастурии рўимизии ҳар як шахс ва муаррифгари ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии халқи тоҷик мебошад дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлолу озодииВатанамон.
Дар натиҷаи Коронавирус бо суръати паст рафтани фаъолнокии иқтисоӣ-иҷтимоӣ ва сиёси-фарҳангӣ, афзоиши шумораи бекорӣ вазъияти ҷаҳон боз ҳам печида гардида, ба буҳрони умумӣ рў ба рў омад. Дар ҷаҳон амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири Соviд-19 эмин монда бошад. Чунин буҳрони шадиду фарогир дар 100 соли охир бори аввал ба миён омадааст.
Пандемия ба ҳаёти ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисодиёт, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодааст.
Дар Паём қайд карда шудааст, ки соли 2020 дар вазъияти мураккаб фаъолият карда, барои гирифтани пеши мушкилиҳо як қатор чораҳои фаври қабул карда шудааст. Дар навбати аввал ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйиротҳо ворид карда шуд.
Ба соҳаи тандурустӣ аз буҷети давлат 1,6 млрд сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд, беш аз 30 беморхона бо 700 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 000 кат омада карда шуд.бо мақсади дастгирии гурўҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорон сабуки ва имтиёзуҷубронпулиҳо беш аз 450 млн сомонӣ пешниҳод шуд, ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён 2,3 млрд сомонӣимтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод шуда,ба соҳикорон 4 млрд сомонӣ қарз дода шуд.
Аз 01.09.2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ ва стипндияҳо 15%, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарӣ 10%, нафақаи гурўҳи маъбоне, ки ба нигоҳубин ниёз дорад 50% зиёд карда шуда буд.
Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории майдони кишти асосӣ ва такрори дар масоҳати даҳҳо гектар афзоиш дода, ба беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ эътибор дода шуд.
Иқтисодиёти кишвар с.2020 4,5% афзоиш ёфт, ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 млрд сомонӣ баробар шуд, маҳсулоти саноатӣ 9,7%, кишоварзӣ 8,8%, гардишисавдои хориҷӣ0,8%, содирот 19,8% рушд ёфт, маҳсулоти озуқас.2019 28,3% афзоиш шуд, ба соҳаҳои гуногунииқтисоди миллӣ 5,4 млрд самонӣсармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 млрд самонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалбкарда шуд.
Соли гузашта 300 коргоҳи саноати (6500 ҷойи корӣ), 157 муассисаи таҳсилоти(ба 63 ҳазор нафар хонанда) 108 муассисаи тиббӣ, 1,2 млн метр мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта шуд, 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуд, пасандозҳо дар низоми бонки с.2020 17,2% афзуда, 11,4 млрд сомониро ташкил кард, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият 18 300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоию фарҳангии бунёд шуд.
Дар асоси қарори ЮНЕСКО 5500-солагии Саразм, 700-солагии К.Хуҷандӣ таҷлил шуд, дар кишвар 2 чорабинии муҳими сиёсӣ:1) интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҳаллӣ,2) интихоботи Президенти кишвар баргузор гардид, ки аҳамияти муҳими таърихӣ дошт.
Дар Паём ба густариши раванди рақамикунонӣ, молиявӣ, соҳибкорӣ, иқтисодиёти «сабз»- эътибор дода шудааст, дар 7 соли охир ҳаҷм умуии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 млрд сомонӣ с.2014 то 23,6 млрд сомонӣ с.2020 афзоиш ёфт, хароҷоти соҳаи иҷтимоӣба 50%баробар гардид, дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 млн сомонӣ с.2000 ба 26 млрд сомонӣ с.2020 расонида шуд, аз тарафи ташкилотҳои қарздихӣ10 млрд сомонӣ қард дода шуд, ки он нисбат ба с.2019 4,6 % зиёд шуд, аммо ин кам, низоми бонкиро инкишоф додан зарур аз ҳисоби сармояи дохилию хориҷӣ, таъмини рушдисармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, рушди технологияи рақамӣ ва ғайраҳо. «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» бахшида ба сектори хусусӣ қабул карда шуданро пешниҳод карданд, 90% корхонаҳои азими давлатӣ ба бахши хусуси дода шуд, маҳсулотидохили-70%, таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ-68%, даромади андоз ба буҷети давлатӣ-80%хусуси мебошад, 70 лоиҳаи давлати (40 млрд сомонӣ) ба рушди кишвар тадбиқ шуда истодааст, с.202020 созишномаи сармоягузории давлатӣ(10 млрд сомонӣ) имзо шуд, аз с.2013 то ҳоло 17 созишномаи сармоягузори (10 млрд сомонӣ) имзо шуда 15 корхонаи нав сохта шу два7 ҳазор ҷойи кори таъсис шуд
Барои иҷрои ҳадафи 4-уми стратегии ҳукумат-саноатикунонии босуръат дар самтҳои: корҳонаҳои металлугӣ, маъдантозакунӣ, истихроҷ ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга ва қиматбаҳо, рушди саноати мошинсозӣ, нассоҷӣ, хўрокворӣ ва дорусозӣ бунёд карда шавад, дар 5 соли охир дар кишвар беш аз 44 млрд сомоний маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд,
Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиу ғайримаъданӣ, аз қабилиметаллҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт ва мунанди онҳо садҳо млрд сомониро ташкил медиҳад,Дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омўхта шудааст, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъмаднӣ мебошад. Ҳоло 27% он коркард шудааст, «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияро барои солҳои 2021-2030» таҳия карданро пешниҳод карданд дар Паём.
С.1991 дар кишвар 358 корхонаи саноатӣ, с.2020 300 корхонаи саноати сохта шуд, шумораи умумӣ-2274то, дар 7 соли оянда шуморашро то 3500 расонидан пешниҳод шуд. Ба соҳаи энергетики барои ҳадафи таъмини истиқлоли энергетикии кишвар 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ (57,2 млрд сомонӣ) амалӣ шуда истодааст, бо 17 оиҳаи давлатии сармоягузорӣ (16,4 млрд сомонӣ) татбик шудааст, дар ин давр.2000 мегаватт иқтидори нав ба кор андохта, ҳаҷми неруи барқ аз 17 млрд киловатт-соат с.1991 ба 21 млрд киловатт-соат с.2019 расид.
Ҳоло ба 11,3 млрд сомонӣ тадҷиди НБО- «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» вадар доираилоиҳаи «КАСА-1000» сохтмонихатҳои интиқоли барқи 500-киловатта ва зеристгоҳҳо идома дорад, дар ВМБКсохтмони НБО «Себзор» оғоз гардид.
Сохтмони хатти интиқоли барқи 500-киловолта аз НБО «Роғун» то зеристгоҳи «Сангтўда» давом дода ва талафоти неруии барқ кам шуда, ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кўлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бўстон ва ноҳияи Данғара бо 2,4 млрд сомонӣ оғоз мегарданд
Дар соҳаи нақлиёт- ҳадафи стратегии худ- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардем. Дар соҳаи нақлиёт 53 лоиҳаи давлати сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 млрд сомонӣ, беш аз 2000 км роҳҳои дорои аҳамиятибайналмилӣ бунёд шуд.
Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 141 давлат зинаи 50-умро ишғол намуд, боз 1500 км роҳҳои байналмилалиро сохтан зарур аст гуфтанд, дар соҳа 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо 8 млрд сомонӣ идома дошта, 4 лоиҳа ба анҷом мерасад. Дар доираи онҳо қитъаҳои Душанбе-Қизилқальаи шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Бохтар бо ҳарҷи 1,6 млрд сомонӣ, Кўлоб-Шамсиддин Шоҳин ва Шкев-Қалъаихумби шоҳроҳи Кўлоб-Қалъаихумб бо арзиши лоиҳавии 780 млн сомонӣ ва роҳи мошингарди Кўлоб-Муъинобод ба маблағи қариб 250 млн сомонӣ сохта мешаванд. Барои сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ боз 1 лоиҳаи давлатии сармогузорӣ(8 млрд сомонӣ) оғоз мегардад.
Дар асоси он сохтмони роҳи Обигарм-Нуробод, қитъаҳои Қалъахумб-Ванҷи шоҳроҳи Душанбе-кулма, Қизилқалъа-Бохтари шоҳроҳи Душанбе-Бохтар, роҳҳои мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт ва Бохтар-Данғара, Хуҷанд-конибодом, сохтмони пулҳо аз болои дарёҳои Панҷ ва Ғунд, долонҳои зидди тарма дар ноҳияи Шуғнон. Лоиҳакашии роҳҳои мошингарди Данғара-Гулистон ва Гулистон-Кўлоб ба анҷом расонида, с.2022 оғоз мегардад.
Дар Паёмба соҳаи сектори аграрӣ эътибори маҳсус дода шуд бо мақсади ҳаллиҳадафи стратегии давлат-таъмини беҳатарии озуқавории кишвар. Рушди миёнаи солонаи маҳсулоти кишоварзӣ с.1997-2020-ум 7,3 фоизро ташкил дод, имтиёзҳо барои рушди чорводорӣ, парандаварвварӣ ва моҳипарварӣ такони ҷиддӣ бахшид, с.2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 расида, нисбат ба с.2017-ум2,7 баробар, истеҳсоли гўшти паранда 4,5 баробар, тухм 5,5 баробар(як миллиард), хоҷагиҳои моҳипарварӣ 35%, истеҳсоли моҳи 2,3 баробарзиёд шуд.
Воридоти гўшт аз 10700 тоннаи с.2014 то 180 т. с. 2020 коҳиш ёфт (60 баробар кам), воридоти гўшти паранда с.2020 нисбат ба с.2017 з бпаробар коҳиш ёфт. С.2020 нисбат ба с.1991истеҳсоли ғалладонагиҳо 5 , картошка 7,7, сабзавоту зироатҳои полезӣ 4, мева 3 баробар зиёд шуд.Ба сектори аграрӣ 22 лиҳаи сармоягузории давлатӣ (5,4 млрд сомонӣ) татбиқ шуда бо 7 лоиҳа(2,4 млрд сомонӣ) амалӣ гардида истодааст, майдони боғу токзори ба беш аз 200 ҳазор га расонида шуд(нисбат ба с.1991 2,2 баробар зиёд), дар замони истиқлол 112 ҳазор га бунёд гардидааст, дар соли 2021 то 3 ҳосил гирифтан таъмин шавед, барои як соли 2021 кишоварзоназ пардохти андози ягонаи замин озод карда шавад.
Дар Паём ба рушди сайёҳӣ эътибори махсус додан, с.2019-2021-умро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда буданд, натиҷаи дилҳоҳ доданд, с.2018 шумораи сайёҳон ба 1,2 млн расида, нисбат ба с.2017 2,6 баробар зиёд шуд, с.2019 сайёҳони шаҳрвандоне хориҷӣ 1 млн 260 ҳазор расиданд,с2018-2020-ум 145 ширкати нави сайёҳи фаъолят карда,шумораи умумии он ба 224 расиданд.
Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рўи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, ш.Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рўи таъмини амният ворид гардид.
Дар Паём рушди маориф, илм, тандурустӣ,варзиш таҳлил карда шудааст. с.2020 157 муассисаи таҳсилот (63000 ҷой) бунёд шудааст, с.1991-2020 3020 иншооти маориф(1,3 млн ҷой) сохта шудааст, муассисаҳои типи нав-мактабҳои прездентӣ,литсей, гимназияҳо пешсаф буда,97% хатмкунандагонашсазовори номи донишҷўи шудааст,
С.2019 боз ³ам бе³тар ба ро³ мондани ом¢зиши илм³ои табиатшиносö, даµиµ ва риёзö, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас сол³ои 2020-2040 “Бистсолаи ом¢зиш ва рушди фан³ои табиатшиносö даµиµ ва риёзö дар со³аи илму маориф” эълон карда шуда, оиди ин фан³о олимпиада³оизинави гузаронида шавад таъкид шуда буд, натиҷаи дуруст дод. Барои ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омўзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурўғи маърифат» гузарониданро пешниҳод намуданд Пешвои миллат, Дар натиҷаи озмунҳои қаблӣ «Тоҷиктон-Ватани азизи ман», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» истеъдодҳои нодир ба воя расиди истодааст.Ғолибони озмунҳо аз рўи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул кардан ва ҳавасмангардони моддиву маънавии ғолибон, омўзгорон, волидайн пешниҳод шуд. с.2020 14 муассисаи томктаби (2520 ҷой) бунёд шуд, ин кам аст, с.1991 13 мактаби олӣ бо 69 ҳазор донишҷўй фаъолият бурда бошад, 2020-ум 41 мактаби олӣ бо 245 ҳазор донишҷўй бо донишҷуёне,ки дархориҷи кишвар таҳсил мекунанд(40 ҳазор0-ҳамаги 285 ҳазор донишҷўй фаъолият мебаранд, ба омўзиши забони давлати-тоҷикӣ, забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ ва тенологияи иттилоотиро ташкил кардантаъкид карда шуд. стипендияи президенти зиёд карда буд, с.2020-ум барои олимону омўзгорони фанҳои дақиқ ҷоизаи давлати таъсис дода шуда, ҳар сол 15 нафар соҳиби он гардид.стипендияидонишҷўёну магистрҳо ва аспирантону донторантҳо аз 01.09.2021 30% зиёд карда мешавад.Хар сол аз АМИ,мактабҳои олӣ то 500 нафар омўзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомўзӣ афарбар карда мешавад, вале ин ҳоло ҳам аст. Аз рўи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021-2030»-ро пешниҳод намуданд.С.1991 аспирантҳо 148 нафар бошад, с.2020 1200 нафар аст(8 баробар зиёд), шумораи аъзои АМИ 2 баробар зиёд гардидааст.
Дар соҳаи тандурустӣ тағйиротҳо ба вуҷуд омад, дар даврони истиқлол маблағгузори ба 2,1 млрд сомонӣ расонида шудааст, 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд шуд, 25 ҳазор кадрҳои маълумоти олӣ,147 ҳазор кормандони миёна тиббӣ тайёр карда шуд. Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар 110 ҳазор кормандон фаъолият мебаранд,75 ҳазор табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ (685 занон) мебошанд.Барои табоботи Коронавирус ҳизмат карданд, сарвари давлат миннатдори карданд.Шукрона мекунемдар кишвар Коронавирус аз байн рафтааст, аммо бепарво нашавем, с.2020 аз буҷетӣ давлати ба 1 млрд сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ,доруворӣ ва ғайраҳо хоридорӣ карда шуд,с2020 108 иншооти нави тандурустӣ сохта, 283 иншоот аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
С.2020 ба зиёда аз 700 ҳазор нафар гурўҳҳо осебпазири ҷомеа 250 млн сомонӣ кўмак расониданд. Аз 01.09.2021 нафақаи маъюбон аз синни кўдакӣ 20%,маъбони то 18-сола 20%, гурўҳи якум 50% баланд бардош таъкид шуд, ки шароити иҷтимоии 100 ҳазор нафар бехтар гардад. Дар ш.Душанбе, вилоятҳои Хатлону суғд 3 мактаб-интернати президентибарои ятимони кулл бунёд карда мешавад.
Дар Паём ба масъалаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, тайёр кардани кадрҳои коргари ҳам эътибори алоҳида дода шуд. Ҳоло дар 62 муассисаи таҳсилоти ибтидои касбӣ аз рўи 97 ихтисос ва 5 маркази таълими калонсолон бо 41 филиал ва 21 намояндагӣ аз рўи 93 касб кадрҳои коргарӣ тайёр мекунад. Имсол дар заминаи литсею коллеҷҳои техникӣ боз 47 марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир барои омўзиши 50 касбу ҳунар ба фаъолият шурўъ менамояд.
Дар Паёми имсола ба масъалаибаланд бардоштани мақоми занону бонувон диққати ҷиддӣ дода шулд.Ҳоло с.2020 ба Маҷлиси миллӣ 8 нафар(25,8%), Маҷлиси намояндагон 15 нафар(23,8%), маҷлисҳои маҳаллӣ ш.Душанбе-41,5%, вилоятҳои Хатлон-3%, Суғд-33%, ВМКБ-34%,ШНТҶ-30% занон интиҳоб шуд. 01.09.2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар(23,4%), дар маориф-73%, тандурустӣ-68%, роҳбарони ҳоҷагиҳои деҳқонон-35 600 нафар, соҳибкорон-77 400 нафарзанон, ба соҳикор занон с.2020-ум 2,1 млрд сомонӣ қарз дода шуд,таҳияи лоиҳаи қарори «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» пешниҳод шуд.
Дар Паём саҳми Ҷавонон дар рушдикишвар таҳлил карда шуд, с.1991 қариб 1000 иншооти варзиш бошад, пас аз с.2020шумораи онҳо ба 10 220 расонида шуд. с.2020 147 иншооти варзиш бо 1 млрд 63 млн сомонӣ сохта шуд,с.2015 Ҷоизаи президенти ҶТ барои варзиш таъсис дода, 200 нафар соҳиби он гардид.
«Тоҷикон фарҳанги бисёр ғанӣ ва таърихи басо пурифтихори бостонӣ доранд»-Эмомалӣ Раҳмон. Таърихи 5500-солаи Саразм далели қадим будани тоҷикон мебошад. Онро омўхтан, таҳлил кардан, аз он хулоса бароварданвазифаи асоси мо мебошад
Бехтар намудани фаъолияти мақомиолии қонунбарор, ҳукумат, вакилон, таъмин қонуният, адолати судӣ, прокуратура, ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Артиши миллӣ, КДА, ҷобаҷогузории кадрҳо таъкид карда шуд.
Дар Паём мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқисилоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи муҳаддир, киберҷиноятҳо, дигар ҷиноятҳоифармиллӣ, тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ, коррупсия, хурофотпарастӣ ва ғайраҳо таҳлил карда шуд, БаПрокуратураи генералӣ таҳияи лоиҳаи нав «Стратегияи миллии ҶТ оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» тавсия шуд.
Муҳофизати сарҳади Ватан-модар вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанд аст. Ба сарҳади Тоҷикистону афғонистон диққати аввалиндараҷа додан таъкид шуд. Дар сиёсати хориҷӣ «дарҳои кушод», сулҳҷўёна ва ҳамкории баробарҳуқуқ пойдевор мебошад. Тоҷикистон 178 давлатҳои ҷаҳон робитаи дипломатӣ доранд
Муносибатҳои дўстона ва ҳамкории ҶТ бо ҳамсояҳои наздикамон-кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ, шарикони стратегӣ-ФР, ҶХЧ,иттиҳоди Аврупо, ИМА ба ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ,Ҷануби Шарқӣ, Укёнуси Ором, Амриқову Африко ба роҳ монда, рушди тавсеа бахшид. С.2007 барошаҳрвандани 112 кишвар тартиби раводити соддаи таҳия ва ба расмият дароварда шуд.
Тоҷикистон ҳамкориро бо СММ, СҲШ, СААД, САҲА, СҲИ, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ ва ғайраҳо идома ва густариш медиҳад. Соли ҷорӣ тоҷикистон раёсатро дар СҲШ, СААД ба уҳда дорад, имсол ҷпашни 20 - солагии СҲШ қайд карда мешавад, кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон саҳми худро м гузашта омда истодааст.
Ҳадафи олии давлат ва Хукумати кишвар таъмини рушди устувор, баланд бардошани самаранокии ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, неу аҳволи мардум мебошад. Мо имсол ҷашни бузурги30-солагииистиқлоли давлатро бо ғалабаҳои бузурги меҳнати қайд мекунем. «Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи 6000 –сола буда, ҳанўз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдўсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд»Халқи тоҷик ифтихор дорад, ки ТоҷикистонватаниНаврўз, Сада, Тиргон, Меҳргон мебошад, бао ҳамин таърих ва фарҳанги қадима ба мардуми оламмуаррифи мекунем гуфта ҷамъбаст намудан Паёми навбатиро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. Хулоса, Паём – дастурии рўимизии ҳар як шахс ва фарзанди фарзонаи миллат мебошад!
Эркаев Сафар Эбдулхайрович, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсози миллат ХУ1 ШО ҶТ..