​Баррасии масъалаи “Бисотии Самарқандӣ ва арзиши нусхаҳои девони ӯ” дар маҳфили илмии "Фурӯғ"

Маҳфили навбатии "Фурӯғ"-и кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик дар доираи ҳафтаи илмии донишгоҳ бо ширкати профессор Матлубаи Мирзоюнус, доктори илмҳои филологӣ Замира Ӯлмасова, дотсентон Субҳони Аъзамзод, Мутриба Мавлонова, унвонҷӯёну магистрантон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Чун анъана дар аввал аз ҳама китобҳои тозанашр дар заминаи масъалаҳои мухталифи адабиётшиносӣ аз ҷониби устодон муаррифӣ шуданд. Дар маҳфил муҳаққиқи ҷавон, докторанти донишгоҳ, ходими Маркази илмии "Камоли Хуҷандӣ" Шоира Олимова дар мавзӯи “Бисотии Самарқандӣ ва арзиши нусхаҳои девони ӯ” суханронӣ намуд, ки дар атрофи он мулоҳизаҳои судманди аҳли ширкат низ баён шуданд.
Дар охир аҳли ширкат аз боби анъанаҳои илмии кафедра дар зарфи 20-25 сол сухан ронданд. Аз хусуси мавзӯъҳои суханронӣ дар маҳфилҳои навбатӣ низ изҳори назар шуд.
Мавриди зикр аст, ки ин маҳфили илмӣ бо сарварии адабиётшиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус беш аз 20 сол аст, ки доир мегардад ва дар парвариши илм ва олими ҷавон нақши арзанда дорад. Аз доираи ин маҳфил беш аз 20 нафар рисолаҳои илмиашонро сарбаландона дифоъ карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ