Озмуни “Кафедраи беҳтарин-2020” ҷамъбаст ва ғолибон тақдиронида шуданд

Ғолибон ва фаъолони озмуни умумидонишгоҳии “Кафедраи беҳтарин-2020” дар самти илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қадр шуданд.

Дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик, кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ ва кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои Шарқ бо тартиб се мақоми ифтихориро касб намуда, бо “Нишони фахрӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Бахши илмҳои дақиқ се зинаи ифтихории озмуни мавриди назарро кафедраи географияи табиии факултети геоэкология, кафедраи зоология ва физиологияи одаму ҳайвони факултети биология ва химия ва кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии факултети санъати тасвирӣ ва технология ишғол намуда, бо “Нишони фахрӣ” қадр гаштанд.

Ҳамчунин кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дар байни кафедраҳои умумидонишгоҳӣ сазовори мақоми аввал дониста шуда, бо “Нишони фахрӣ” тақдиронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ