Шӯрои олимон: Баррасии дурнамо ва мушкилоти корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва робитаҳои байналмилалӣ
Дирӯз 27-уми август, ҷаласаи Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа Шӯрои олимон ба кори худ оғоз намуд ва ҳайати аъзоёни ҷаласаҳои Шӯрои олимон, Раёсат, Раёсати хурди назди ректор, Комиссияи озмунӣ ва нақшаи кории ҷаласаи Шӯрои олимон ва Нақшаи солонаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои соли таҳсили 2020-2021 тасдиқ гардид.

Пас аз он, ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ: дурнамо ва мушкилот дар факултетҳоитаърих ва ҳуқуқ, таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, психология ва таҳсилоти томактабӣ гузориш доданд.

Баъдан аз ҷониби Раиси Шӯро, профессор Ҷамшед Ҷӯразода баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бо истифода аз усулҳо ва воситаҳои техникии таълим, ва дар ин замина, баланд бардоштани маҳорату малакаи устодон, ҷалби бештари олимони ҷавон ба лоиҳаҳои грантӣ, аз такмили ихтисос гузаронидани устодон, омӯзиши забони англисӣ бо истифода аз таҷҳизоти аудиовизуалӣ ва ғайра ба масъулин дастуру супориш ва вазифагузориҳои мушаххас баён гардиданд.

Ҳамчунин 8 нафар довталабон барои ишғоли вазифаи холии мудирони кафедраҳои донишгоҳ пешниҳод ва аз ҷониби аъзоёни Шӯрои олимон тариқи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб гардиданд. Таваҷҷуҳ ба қадршиносӣ ва баланд бардоштани мукофотпулии омӯзгорони штатии донишгоҳ барои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, табдили номи Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои табиатшиносӣ ба Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ва ғайра аз ҷумлаи масъалаҳои дигари баррасигардидаи ҷаласаи Шӯрои олимон дарак дод.

Раиси Шӯро масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишударо баррасӣ ва натиҷагирӣ намуда, роҳбарони сохторҳо, садорати факултет ва мудирони кафедраҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз бемории коронавирус ва риояи ҳолати санитарию эпидемологӣ тадбирҳои иловагӣ ва ҳадафмандро роҳандозӣ намоянд.
Маркази иттилоот
ва таҳлили донишгоҳ