​Багузории чорабини илмӣ-амалӣ ва тарбиявӣ таҳти унвони «Сиёсати Пешвои миллат дар рушди илм ва маориф»

Дар факултети геоэкология бо ташаббуси кафедраи геоэкология ва методикаи таълим аз рӯи нақшаи семинари илмӣ-назариявӣ чорабинии илмӣ-амалӣ ва тарбиявӣ таҳти унвони «Сиёсати Пешвои миллат дар рушди илм ва маориф» ташкил ва баргузор гардид.

Дар ибтидо мудири кафедраи геоэкология ва методикаи таълим, дотсент Додахон Ғуфронов сухан карда, аз ҷумла қайд намуд, ки Пешвои миллатзикр карда буданд, ки “тамоми фикру андешаи ман ҳамчун Сарвари давлат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф ва дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунонки мушоҳида мекунед, ман ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ диққати махсус медиҳам ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати Давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоям”.

Декани факултети геоэкология, дотсент Муъминҷон Аминов таҳти мавзӯи “Сиёсати Пешвои миллат дар рушди илм ва маориф” баромад намуда, гуфт, ки он миллате саодатманд ва пирӯз аст, ки Сарвараш оқилу хирадманд ва соҳибфазилат бошад. Хушбахтона, миллати тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳу эътибори хосаро нисбати илм ва маорифи кишвар беш аз пеш эҳсос мекунад.

Гуфта шуд, ки Сарвари давлат ба таври доимӣ барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Дар ин ҷода ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҷавонони соҳибилму соҳибкасб бо ҷаҳонбинии васеи илмӣ ояндаи давлату миллат мебошанд. Тарбияи наслҳои нав инъикоскунандаи ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад. Тарбия на танҳо вазифаи оила ва мактаб, балки вазифаи давлат ва ҷомеа ҳам мебошад. То имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ имкониятҳои баробар фароҳам гардидааст.

Баъдан мутахассиси пешбари шуъбаи тарбия, Самандар Рӯзиев маърӯза намуда, аз дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тарбияи кадрҳои баландихтисос ба соҳаҳои мухталиф, мутахассисони замони нав ва ташкили курсҳои омӯзишӣ барои касбазхудкунӣ ёдовар шуд.

Сипас сухан ба декани факултети таърих ва ҳуқуқ дотсент, Иброҳим Ҷабборов таҳти унвони “Пояи сарҷамъии миллати мо аз Пешвои миллат аст” дода шуд. Мавсуф зикр кард, ки Пешвои миллат барои таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон ҷонбозиҳои зиёд кардааст. Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, барои расидан ба сулҳ кишвари аз ҷанги шаҳрвандӣ 21 маротиба бо сарварони собиқ иттиҳоди мухолифони тоҷик музокира анҷом дода шуда, 40 ҳуҷҷати барои тақдиримиллат муҳим ба имзо расонида шуданд. Дар баргузории ин гуфтушунидҳо ҷиҳати ба даст овардани сулҳсаҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Ӯ ба ҳамаи ваъдаҳои дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ халқу миллат додааш содиқ монд. Ӯ тавонист миллати тоҷикро сарҷамъ намояд, ҳуввият ва ваҳдати миллӣ, сулҳхоҳӣ ва сулҳпазирии тоҷиконро эҳё кунад, торҳои дӯстиву рафоқатро миёни кулли шаҳрвандони Тоҷикистон пайваст намояд.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён, маърӯзаҳо,қироати шеър ва суруд пешкаш гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ