​Мизи мудаввар: Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ” дар доираи маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбия, доктори илмҳои таърих Аюб Усмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, Абдувосид Ғафуров ва доираи васеи донишҷӯён иштирок намуданд.

Аюб Усмонов сухан карда, қайд намуд, ки маҳз заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар кишвари мо сулҳу суботи комил пойдор гардида, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шуд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров иброз дошт, ки ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор ва худшиносии миллӣ дар ҳифзу таҳкими ғоя ва арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саъю талош намуда, дар ободиву пешрафти кишварамон нақши арзишманд мегузоранд.

Сипас ҳайати маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и донишгоҳ доир ба масоили “Пешвои миллат – бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон”, “Ҳифзи арзишҳои миллӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир”, “Ғояҳои миллӣ таҳкимбахши пояҳои Истиқлолияти давлатӣ”, “Арҷгузорӣ ба забони модарӣ” ва “Эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ” маърӯза намуданд.

Чорабинӣ бо муҳокима ва пешниҳоди мушаххаси иштирокдорон ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ