Такмили ихтисос - раванди муҳими баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва салоҳияти омӯзгорон

Дар моҳи октябри соли ҷорӣ, аз рӯи равияи иқтисодӣ 12 нафар омӯзгори факултетҳои иқтисодӣ, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии донишгоҳ дар курси такмили ихтисос иштирок намуда, соҳиби диплом гаштанд. Дар ин бора, аз шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ хабар доданд.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки аз рӯи равияи филологияи тоҷик бо иштироки 34 нафар омӯзгори донишгоҳ курси такмили ихтисос аз 1-уми декабр оғоз карда, он то 18-уми декабри соли равон идома меёбад.

Ҳадаф аз ташкил ва баргузориикурсҳоитакмили ихтисос ва бозомӯзӣ ин такмил ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омўзгорон буда, он курсу семинар, машғулиятҳои амалӣ, лексия, машваратҳои фардӣ, гурўҳӣ, хонишҳои педагогӣ, конференсияҳои илмию амалӣ, илмиюметодӣ, таълимию методиро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давра ба давра такмили ихтисоси омӯзгоронро ба роҳ монда истодааст. Бо ин мақсад 2-юми ноябри соли равон оид ба хизматрасонии таълимӣ байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Тибқи шартномаи мазкур Донишкадаи такмили ихтисос ӯҳдадор гаштааст, ки дар асоси талаботи донишгоҳ аз рӯи равия ва ихтисосҳои гуногун курсҳои сайёри такмили ихтисоси омӯзгоронро ба роҳ монад. Ҳамин тариқ, дар соли таҳсили 2020-2021 ду курси такмили ихтисос зери масъулияти шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба роҳ монда шуд.

Иттилои мавҷуда баёнкунандаи онанд, ки шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дархосту талаботи кафедраҳоро омӯхта, барои ташкили курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон аз рӯи равияҳои гуногун дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида истодааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ