Пешвои миллат - роҳнамои имрӯзу фардои ҷавонон

Дар хобгоҳи №3-и МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" вохӯрии навбатии аъзои маҳфили "Пайравони Пешвои миллат" таҳти унвони "Пешвои миллат - роҳнамои имрӯзу фардои дурахшони ҷавонон" баргузор гардид.

Дар чорабинӣ доир ба хизматҳои содиқонаву тақдирсоз дар назди халқу Ватан, рӯзгори ибратпазир, осори пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳифзу арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ сухан рафт.

Баъдан иштирокторон доир ба мавзӯъҳои дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон мубодилаи афкор намуданд.

Мавриди зикр аст, ки маҳфили "Пайравони Пешвои миллат" бо мақсади омӯзиш ва тарғиби асар, сиёсати маорифпарварона ва рӯзгори ибратбахши Пешвои миллат роҳандозӣ гардида, мунтазам баргузор мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ