Нигоҳе ба расму оин ва анъанаҳои миллӣ дар Бритониё ва Тоҷикистон

Дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили “Донандагони забони англисӣ” (“English Speaking Club”) баргузор гардид.

Дар ибтидои маҳфил декани факултет, профессор Меҳриниссо Абдуллоева сухан карда, қайд намуд, ки ингуна чорабиниҳои забонӣ ҷиҳати ташаккули малака ва забоназхудкунии донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.

Чорабинӣ ба ба мавзуи “Расму оин ва анъанаҳои миллӣ дар Бритониё ва Тоҷикистон” бахшида шуда, дар он донишҷӯёни курси 1 бо забони англисӣ оидба тафовут ва монандии расму оинҳои бритониёҳо ва тоҷикон маълумот доданд.

Нахуст донишҷӯён оид ба мавқеи ҷуғрофӣ, санаҳои таърихӣ ва идҳову анъанаҳои тоҷикон ва англисҳо тавассути муаррифӣ баромад карданд.

Сипас, аз ҷониби донишҷӯён доир ба анъанаҳои англисҳо ва тоҷикон саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва тарбиявӣ намоиш дода шуданд. Бахусус, оид ба ҷашнгирии иди Наврӯз дар Тоҷикистон ва анъанаҳои ҷашнгирии иди Пасха дар Бритониё саҳнаҳо ҷолиби диққат буданд. Инчунин, рақсҳои миллии тоҷикӣ ва аврупоӣ, сурудҳои тоҷикиву англисӣ пешниҳоди ҳамагон гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ