ДДХ: Ғолибони олимпиада аз фанни экологияи умумӣ муайян гашт
Дар факултету кафедраҳои Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни болаёқат, баланд бардоштани фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишӯён, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқӣ ва дарёфти донишҷӯёни беҳтарин, лаёқадманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор олимпиадаи умумидонишгоҳии фаннӣ ҷараён дорад.
Дар ин замина, дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология олимпиада аз фанни экологияи умумӣ ба тариқи тестӣ ва хаттӣ бо ҷалби доираи васеи донишҷӯёни ихтисоси экология ва агроэкология ташкил ва гузаронида шуд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро донишҷӯи соли 3-юми ихтисоси агроэкология, Меҳрона Миршамсова, мавқеи дуюмро донишҷӯи соли 3-юми ихтисоси агроэкология, Сафарбек Файзов ва зинаи баъдиро мутаносибан донишҷӯёни соли 2-юм, 3-юм ва 4-уми ихтисосҳои экология ва агроэкология Ҳумоюн Алибоев, Санавбар Мавлонбердиева ва Исмоилхӯҷа Шарифхуҷаев сазовор шуда, ғолибон ба давраи донишгоҳии олимпиада пешбарӣ гардиданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил