​Оғози марҳилаи дуюми лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣлоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”(давраи 2-юм) – ро эълон намудааст.

Ҳадафҳои лоиҳа:

1.Беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат.

2.Дастгирии ва ба кор таъмин намудани донишҷўдухтарон.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров” тасмимдорад, ки муаррифии (презентатсия) лоиҳаи“Рушди таҳсилоти олӣ” – ро 14- марти соли 2019 соати 15. 00 дар толори хурди Раёсати донишгоҳ (ошёнаи 2-юм) баргузор менамояд.

Иштироки намояндагони факултетҳои донишгоҳ ҳатмист.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ