​Аллома Бобоҷон Ғафуров - машъалафрӯзи таърихи миллат

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ таҳти унвони “Машъалафрўзи таърихи миллат” мизи мудаввар бо иштироки устодон, олимони ҷавон, магистрантон, докторантони PhD ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар намоиши осори илмии академик Бобоҷон Ғафуров, асарҳои ғафуровшиносон, аксу ҳуҷҷатҳо ташкил карда шуд.

Ширкаткунандагон доир ба масоили “Мероси номанигории аллома Бобоҷон Ғафуров – сарчашмаи нодир”, “Инъикоси таърихи Ғурриён дар китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров” ва “Саҳми аллома Бобоҷон Ғафуров дар пешрафти илму фарҳанги тоҷик ва рушди Тоҷикистон” баромад дошта, мубодилаи афкор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ба хотири бузургдошт ва тақдир аз хизматҳои аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамасола дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маъракаи ёдбуд, ва дар доираи он конференсияҳои илмӣ-амалӣ, мизи мудаввар, мулоқот бо олимон, дарсҳои тарбиявӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Соли ҷорӣ дар ин замина, чанд китоби арзишманд, аз ҷумлаи китоби олими шинохтаи тоҷик, профессор Ҳайдаршо Пирумшо таҳти унвони “Ахтари илму сиёсат” ва маҷмўаи мақолаҳо таҳти унвони “Посдори таърихи миллат” бахшида ба рўзгор ва осори илмии аллома Бобоҷон Ғафуров, нашр гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ