​Ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни вилоятии "Донишҷӯи сол-2020"

Мавзуна Хабилова, донишҷӯи соли сеюми факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи равияи фанҳои дақиқ ғолиби озмуни вилоятии “Донишҷўи сол – 2020” эълон гардид.

Озмуни вилоятии "Донишҷӯи сол", ки бо мақсади шинохти донишҷӯёни лаёқатманд, соҳибистеъдод ва ташаббускор эълон гардида буд, ҷамъбаст ва ғолибон қадршиносӣ шуданд.

Дар озмуни мазкур, ҳамзамон Гулбаҳор Умарова, донишҷӯи соли чоруми факултети физика ва техника дар бахши илмҳои дақиқ ва Ситора Устобобоева, донишҷӯи курси сеюми факултети таърих ва ҳуқуқ дар бахши илмҳои гуманитарӣ мақоми сеюмро касб намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар озмуни мазкур донишҷӯён аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд иштирок намуда, беҳтаринҳо ғолибият ба даст оварданд.

Хотиррасон менамоем, ки озмуни вилоятии “Донишҷўи сол – 2020” дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамасола бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён, ки қишри ояндасозу нерӯи пешбари ҷомеа унвон мешаванд, ба роҳ монда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ