​Пешвои миллат: Тоҷикистон - мамлакати ҷавонон

Санаи 21 май. Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" - и Душанбешаҳр фазои идона дошт. Ҷавонони зиёде бо либоси расмӣ аз субҳи содиқ сарҷамъ. Ин ҷо намояндагони қишри ояндасозро аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мулоқоти Президенти кишвар ба ҳам оварда.

Мулоқот аз соати 9 тахмин то соати 14:00 давом кард. Суханҳои зиёде гуфта шуд, андешаҳои гуногуне ироа шуданд...

Муассиртарин нукта барои инҷониб ваъдаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ду даст пеши бар таъкид намуданд: "Ман то зинда ҳастам, ҷавононро дастгирӣ мекунам". Мавҷи кафкӯбиҳо дар толор баланд шуд. Ҳама аз ҷой бархоста каф мекӯфтанд. Дар чашмони ҷавонон машъалаи умеду боварҳо фурӯзонтар гашт.

Чӣ қадар зебост вақте инсон эҳсос мекунад, ки мавриди таваҷҷӯҳҳо ва дастгириҳост, не?

Беш аз 10 нафар ҷавонон суханронӣ намуданд. Меҳвари андешаву суханони ин гуруҳро як нукта фарогир буд: сипосгузорӣ ба Пешвои миллат барои дастгириҳои пайваста.

Эҳсос мешуд, ки ҳар як ҷавони ҳозири толор аз дастгириҳои Сарвари давлат бархурдор буда!

Пешвои миллат изҳори умед намуданд, ки ҷавонони мо ҳамчун табақаи аз ҳама фаъоли ҷомеа минбаъд низ ташаббусҳои созандаро амалӣ менамоянд, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз мекунанд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат меварзанд.

Роҳбари давлат аз иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакат дар ҳаёти давлату миллат қаноатмандӣ намуда, зикр доштанд, ки дар сохтмони иншооти азиму тақдирсози кишвар, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дар тамоми корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷавонон саҳми бориз доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 11 ҳазор нафар бунёдкорони иншооти азими аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз чил фоизашон ҷавонони то сисола мебошанд.

Гуфта шуд, ки сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст. Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд.

Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Пешвои миллат бори дигар таъкид намуданд, ки бо ҷавонони бонангу номус, ки давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, яъне ояндаи давлату миллат мебошанд, ифтихор доранд.

Иттилоот дода шуд, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Ҳамин нуктаро Роҳбари давлат зимни мулоқоти гузашта бо ҷавонон, ки соли 2013 ба вуқуъ пайваста буд, таъкид дошта, Тоҷикистонро мамлакати ҷавонон унвон намуда буданд.

Он вақт хонандаи синфи 10-ум будам ва ҳамчун ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ имкони иштирок дар мулоқоти Президенти кишвар насиб гардида буд.

Ба гумонам, ҳар як мулоқоти Роҳбари давлат бо ҷавонон рӯйдоди муҳим ва ҳатто таърихиро мемонад, ки ба насли ҷавони кишвар аз имтиёзу имконотҳои тоза мужда медиҳад.

Ба як ҷумла, мулоқоти навбатии Пешвои миллат бо ҷавонони кишвар иршодгари зиндагиву фаъолияти ҷавонон аст. Ид муборак, ҷавонони фардоафрӯзи Ватан!

Мафтуна Исмоилова,

рӯзноманигор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ