​Муаррифии Барномаи бурсиявии омӯзиши забони чинӣ

Дар факултети забонҳои шарқ муаррифии Барномаи бурсиявии омӯзиши забони чинӣ барои устодону донишҷӯёни донандаи забони чинӣ “Бурсияи институти Конфутсий” дар ҳамкорӣ бо институти Конфутсий ва Донишгоҳи Нафти Чин доир гардид.

Мақсади асосии барномаи зерин ташкил намудани дарсҳои омӯзиши забони чинӣ тариқи интернет (онлайн) барои донишҷӯёне, ки хоҳиши баланд бардоштани дараҷаи забони чиниро доранд, вале аз сабаби пандемияи коронавирус ва баста будани сарҳадҳо наметавонанд ба Чин сафар кунанд, гуфта мешавад.

Алҳол барои иштирок дар барномаи мазкур 12 донишҷӯи факултети шарқ, ки Hanyu Shuiping Kaoshi (имтиҳони тахассусии забони чинӣ) доранд, номнавис шудаанд.

Иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар чунин барномаҳои байналмилалӣ заминаи хубе барои муаррифии донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати донишомӯзии донишҷӯён ба ҳисоб меравад.

Баъди анҷоми дарси онлайнӣ донишҷӯён бо диплому сертификат сарфароз гардонида мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ