​Нишасти матбуотии ректори донишгоҳ бо намояндагони васоити ахбори омма

Имрӯз 20-уми июли соли 2020, дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” нишасти матбуотии ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо намояндагони васоити ахбори умум баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев ҳузур дошт. Инчунин, муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар масъулони сохторҳои донишгоҳ ширкат намуданд.

Дар оғоз, ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода, доир ба нишондод ва фаъолияти донишгоҳ дар 6 моҳи аввали соли 2020 мухтасаран маълумот дод. Ӯ зикр дошт, ки дар марҳилаи пуртазоди ҷаҳони муосир, ки ҷомеаи имрӯзаро сирояти босуръати бемории коронавирус ба ташвиш андохтааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи беҳдошти саломатии мардуми шарифи кишвар тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ ва пешбинӣ намуда истодааст.

Гуфта шуд, ки фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра, таҳсил аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ мутобиқи нақшаҳои таълимӣ ҷараён гирифтааст.

Айни замон дар донишгоҳ 800 нафар омӯзгори штатӣ, аз ҷумла 47 нафар доктори илм, профессор, 354 нафар номзади илм, дотсент, 200 нафар сармуаллим, 199 нафар муаллим фаъолият менамоянд, ки 50% теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 22600 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 10052 нафар (3642 буҷавӣ) дар шуъбаи рӯзона ва 12548 нафар (1173 буҷавӣ) дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Тибқи Квотаи президентӣ 877 нафар, аз онҳо 518 нафар духтарон дар шуъбаи рӯзона ва 8 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар кафедраҳои донишгоҳ аз рӯи 2409 фан ва 914791 соат фаъолияти таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Базаи моддӣ-техникии ихтисосҳои равияҳои дақиқ ва табиатшиносӣпурзӯр гардида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар назди факултетҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, физикаю – техника ва геоэкология якчанд лабораторияҳои фаннӣ ба истифода дода шуданд. Дар соли таҳсили 2019-2020 барои таҷхизонидани лабораторияҳои кафедраҳои фанҳои дақиқ аз ҳисоби суратҳисоби махсус беш аз 460 000 сомонӣ маблағ масраф гардид, ки ин тадбир минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Дар самти сарфароз гардидан ба Ҷоизаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ шумори устодони донишгоҳ сол то сол меафзояд. Китоби профессор Назирҷон Турсунов ҷиҳати дарёфти Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар самти илмҳои гуманитарӣ пешниҳод шуд. Номзадии профессор Қодиров Абдулаҳад барои дарёфти Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С.У.Умаров дар соҳаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ ба комиссияи озмунӣ манзур карда шуд.

Як қатор устодону олимони донишгоҳ аз ҷумла, 9 нафар бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва 22 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамчунин, дар асоси озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки аз ҷониби Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ эълон гардида буд, 2 лоиҳаи илмии устодон ғолиб дониста шуд.

Баъдан, ба роҳбарияти донишгоҳ намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумлаи “Ҳақиқати Суғд”, “Омӯзгор”, “ТВ Суғд”, “Танин”, “СМ-1”, “Нилуфар” ва дигарон доир ба навгониҳои донишгоҳ дар раванди таълим, нақшаҳои дурнамои фаъолият, тадбирҳои амалигардида бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, масоили густариши равобити донишгоҳ бо муассисаҳои олии хориҷ, корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати пешгирии сироятёбии бемории КОВИД-19, омодагӣ ба соли нави таҳсил, бо кор таъмин намудани хатмкунандагон (буҷавӣ ва шартномавӣ), дастрасии ҷомеаи меҳнатӣ ба интернет, мутобиқгардонии ихтисосҳо ба низоми бозаргонӣ, илм ва инноватсия, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунии донишҷӯён ва амсоли инҳо муроҷиат намуданд.

Ҷамшед Ҷӯразода ба саволҳои журналистон посухҳои мушаххас дода, зикр дошт, ки МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо ВАО ҳамеша омода мебошад.

Дар поёни нишаст ректори донишгоҳ баён намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳои дар ҷараёни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, хусусан, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир, сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ, баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон саъю талош намуда, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ неруи ақлониву ҷисмонии худро равона намуда, бо ин роҳбаҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи муассир мегузорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ