​ДДХ: Таҳти унвони “Баррасии муаммоҳои муосири илмҳои физикаю техника ва технологияи нимноқилҳо” конференсияи байналмилалӣ баргузор гашт

Имрӯз 18-уми май, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Баррасии муаммоҳои муосири илмҳои физикаю техника ва технологияи нимноқилҳо” тариқи онлайн ва офлайн ҷараён гирифт.

Дар ҷаласаи ибтидоӣ Тоҷибой Султонӣ - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Бахтиёр Маҳмадалӣ - ректори Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон, Маҳмадшоҳ Илолов – доктори илмҳои физикаю математика, Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудири шуъбаи моделсозии математикии равандҳои динамикии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Умархон Мадвалиев –узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фаршед Каримов – доктори илмҳои физика-математика, сарходими илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҷамшед Раҳматов – муовини директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Алимаҳмад Холов – мудири лабораторияи физикаи кристалҳои пажӯҳишгоҳи физикӣ-техникии ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Меҳрдод Қурбониён – ходими пешбари илмии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Умар Зафари – ходими пешбари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ризо Баҳромзод – ходими пешбари пажӯҳишгоҳи физикӣ-техникии ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Аъзам Муқумов –ходими пешбари пажӯҳишгоҳи физикӣ-техникии ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва доираи васеи устодону донишҷӯён иштирок доштанд.

Дар ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан карда, баён дошт, ки дар самти илмҳои дақиқ дар донишгоҳ 7 факултет, 31 кафедра мавҷуд буда, вобаста ба эълон гардидани “20 солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои табиатшиносӣ ба Институти илмӣ-тадқиқотии рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ табдил дода шуд. Айни ҳол дар донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои илмҳои дақиқ 310 нафар устодону омӯзгорон фаъолият дошта, 171 нафари онҳо дорои дараҷаи унвонҳои илмӣ, аз ҷумла 24 доктори илм, профессор ва 147 номзади илм, дотсент мебошанд. Илова бар ин, 68 унвонҷӯ ва 49 докторантони PhD аз рӯи мавзӯъҳои муосири илмҳои дақиқ ба тадқиқот ҷалб гардидаанд, ки бештари онҳоро ҷавонони боистеъдод ташкил медиҳанд.

Дар давоми панҷ соли охир аз ҷониби устодони факултетҳои фанҳои дақиқ 29 монография, 131 китобу дастурҳои таълимӣ, 4692 мақолаи илмӣ рӯи чоп омадаанд. Илова бар ин, дар донишгоҳ 126 конференсияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор гардида, иштироки устодон дар конференсияҳои сатҳҳои гуногун ба 3592 адад омада расидааст.

Ректори донишгоҳ илова намуд, ки мувофиқи таҳлилҳои оморӣ дар давоми панҷ соли оянда вобаста ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар самти илмҳои дақиқ ҳимояи 12 рисолаи докторӣ ва 81 рисолаи номзадӣ пешбинӣ шудааст, ки омили мазкур барои боло бурдани фоизи устодони соҳибунвони илмӣ дар донишгоҳ кӯмак мекунад. Ҳамчунин 6 ихтирои устодону ихтироъкорон соҳиби шаҳодатномаву патент гардида, дар байни 11 лоиҳаи илмии амалкунандаи донишгоҳ 5 лоиҳаҳои илмӣ-фармоишии он ба илмҳои дақиқ тааллуқ дорад.

Дар идома Маҳмадшоҳ Илолов – доктори илмҳои физикаю математика, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудири шуъбаи моделсозии математикии равандҳои динамикии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Миртемур Қурбонов – доктори илмҳои техникӣ, профессор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳаким Тошхӯҷаев ва Абдувалӣ Абдуманонов – профессорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Абдулҳай Комилӣ- профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Ризо Баҳромзод – ходими пешбари пажӯҳишгоҳи физикӣ-техникии ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигарон доир ба методикаи таълим, дурнамо ва муаммоҳои илмҳои физикаю техника ва дигар масъалаҳои вобаста ба он баромад ва табодули афкор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Баррасии муаммоҳои муосири илмҳои физикаю техника ва технологияи нимноқилҳо” дар ҳамкорӣ бо марказҳои бонуфузи кишвар ва инчунин муассисаҳои олии касбии мамлакат ва хориҷи он дар 5 бахш ба роҳ монда шуда, ба кумитаи тадорукот 174 мақолаи илмии олимони соҳа дар дохил ва хориҷи мамлакат, аз ҷумла Федератсияи Россия, Олмон, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Туркманистон, Покистон, Япония ворид гардидаанд, ки барои афзоиши донишҳои назарии устодони донишгоҳ ва мутахассисони илмҳои физикаю техника шароити мусоид фароҳам меоваранд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ