​Сафарбаркунии иштирокдорони Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Имрӯз 10-уми март, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо ширкаткунандагони Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқот ва онҳоро ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе сафарбар намуд.

Зимни мулоқот, ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода бо изҳори боварӣ баён дошт, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии мавриди зикр донишу истеъдони худро истифода намуда, барои сазовор шудан ба зинаҳои ифтихорӣ тамоми маҳорату малакаи худро равона месозанд.

Маврид ба зикр аст, ки 12-ум ва 13-уми марти соли ҷорӣ Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ