​Зиракии сиёсиро аз даст намедиҳем!

Дар факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи тарбия бо донишҷӯён вохӯрии аъзои маҳфилҳои “Андеша” ва “Пайравони Пешвои миллат” бо усули “Ҳамсол ба ҳамсол” баргузор гардид.

Чорабинӣ ҷиҳати омӯзиш ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, тартибу одоби ҳамидаи инсонӣ бахшида шуд.

Нахуст мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон Муталиб Маҳмудов вохӯриро ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки имрӯз мо зери таассуроти амиқ аз Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Сарвари давлат дар Паёми худ мардуми кишвар, махсусан ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ даъват намуда, таъкид доштанд: Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Сипас, доир ба мавзӯи “Пешвои миллат – ғамхор ва ҳидоятгари ҷавонон” - раиси созмони ҷавонони факултети геоэкология Раҳимов Озод, “Пешгирии зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм ва таҳсили ғайрирасмии динии ҷавонон” аъзои маҳфили “Андеша”Заҳриддинзод Сайриддин суханронӣ намуда, ҷавононро ба ҳифзу таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи комил, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва боз ҳам бештар саҳм гузоштан ба ободиву созандагии кишвар даъват намуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ