Дарси кушод: Таҳлили фонетикии шеъри“Twilight”

Имрӯз 26-уми ноябр, аз рӯи нақша дар факултети забонҳои хориҷӣ дарси кушоди намунавӣ аз тарафи сармуаллимаи кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Назирахон Ҷӯраева аз фанни фонетикаи амалӣ дар гурӯҳи 207 баргузор гардид.

Дар дарси мазкур сармутахассисишуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ дотсент Саидқаҳор Ёқубов, декани факултет профессор Меҳриниссо Абдуллоева ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Мавзӯъи дарс таҳлили фонетикии шеъри Ҷ. Байрон “Twilight” буда, дар он як қатор мақсадҳои таълимиву тарбиявӣ аз қабили ташаккул додани малака ва маҳоратигуфтугӯӣ, шунавоӣ ва хаттии донишҷӯён, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми ниёгонва тарзи дурустихондани асарҳовуқироати шеърҳо амалӣ гардиданд.

Бояд қайд кард, ки дар дарс сармуаллима Назирахон Ҷӯраева аз воситаҳои айёнӣ ба монанди тахтаи электронӣ, муаррифӣ, варақаҳо, расмҳо, таблитсаҳо васеъ истифода намуд. Машқҳои истифодашуда фаъолияти андешаронӣ ва муоширатии донишҷӯёнро талаб мекард, ки он низ самаранок иҷро шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ