Рӯзи илм дар як сатр
Иттилоъ аз ҷараёни конференсияҳои илмии устодон, олимони ҷавон ва магистрантону донишҷӯён бахшида ба эълони солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи илми тоҷик дар факултет ва кафедраҳои МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”.
Факултети биология ва химия. Дар бахши химияи конфронси илмии устодон, дотсент Сироҷиддин Ҳакимхоҷаев ва дар бахши донишҷӯён Манижа Ӯлмасова, донишҷӯи соли дуюм мақоми аввалро сазовор гардиданд.
Факултети забонҳои шарқ. Муаллифи маърӯзаи “Вожаҳои динӣ ва истилоҳоти тасаввуфӣ" дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” М. Абдумаликзода, донишҷӯи соли дуюм дар бахши типологияи забони донишҷӯён сазовори ҷойи аввал гашт.
Кафедраи анализи математикӣ. Дар бахши устодон, магистрантон ва донишҷӯён омӯзгор Б Ҷумаев бо маърузаи “Оиди ҳалҳои маҳдуди як синфи системаҳои барзиёдмуайянӣ се муодилаҳои дифференсиалии ҳосилаҳои хусусидор бо як функсияи номаълум”, магистранти курси дуюм Р. Баротов ва донишҷӯи курси сеюм, Б. Абдуазимов баромадкунандаи беҳтарини кафедра дар конференсияи анъанавии апрелӣ дониста шуданд.
Кафедраи умумидонишгоҳии информатика. Дар конфронс 14 маъруза дар бахши устодон ва 7 маъруза дар бахши донишҷӯён шунида шуда, баъд аз муҳокима маърузаҳои муаллима Ш. А. Абдуллоева дар мавзӯи «Формирование банка вопросов в системе Moodle» ва донишҷӯ Ш. Носирова, дар мавзӯи «Таҳриркунӣ ва қолаббандӣ диаграммаҳо дар барномаи MS Excel 2013» беҳтарин ҳисобида шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил