​Таҳлил ва натиҷагирӣ аз раванди таълиму тадрис

Дар се моҳи нимсолаи аввали соли таҳсили 2020-2021 мутахассисони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба 242 машғулиятҳои омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ ширкат варзида, ин дарсҳоро таҳлилу баррасӣ намуданд. Дар ин бора, аз шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ дар асоси нақша аз ҷониби мутахассисони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва комиссияҳои сифатраванди таълиму тадрис, сатҳи донишандӯзӣ ва давомоти донишҷӯён, таҳлили сифатии машғулиятҳои таълимии омӯзгорон, раванди истифодаи самараноки воситаҳои техникӣ, муаррифиҳои таълимӣ ва ғайраҳомавриди санҷиш ва хулосабарорӣ қарор дода шуда истодааст. Ҳамчунин зиёда аз 400 фанҳои тахассусӣ ва гуманитариву ҷомеашиносии факултетҳои донишгоҳ корҳои назоратӣ гирифташуда, мавриди таҳлил ва натиҷагирӣ қарор дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади баландбардоштани сатҳу сифати таълиму тадрис, густариши маҳорати касбии омӯзгорон, шиносоӣ, омӯзишу паҳн намудани таҷрибаи омӯзгорони ботаҷриба ва таҳлили машғулиятҳои ҳайати профессорону омӯзгорон дар донишгоҳ комиссияи сифати таҳсилот дар ҳайати 55–нафар тибқи фармоиши ректори донишгоҳ таҳти №528 аз 30.09.2019с. таъсис дода шуда буд.

Ҳадаф аз таъсиси комиссияи сифати таҳсилотин дар амал татбиқ намудани консепсияи рушд ва стандарти сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад. Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот мунтазам бо роҳбарон ва аъзоёни комиссияи сифати таҳсилот дар факултетҳо машварати корӣбаргузор менамояд, ки дар он роҳбарон ва аъзои комиссияи мазкур фикру дархостҳои худро бобати баланд бардоштани сатҳу сифати таълимдар факултетҳо иброз менамоянд.

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар ҳамкорӣ бо комиссияҳои сифати таҳсилоти факултетҳо дар оғози соли ҷорӣ нақшаи чорабиниҳоро оид ба амалӣ намудани “Стандарти сифати таҳсилот дар Донишгоҳ” барои соли 2020-ро таҳия намуда, ҷиҳати иҷроиши он чораҳои мушаххас андешиданд. Комиссияи сифати факултетҳо аз рӯи нақшаи кориашон чорабиниҳо баргузор намуда, ҳар се моҳ ба шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ҳисоботи худро пешниҳод менамоянд.

Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки дар аввали моҳи сенябри соли ҷорӣ аз ҷониби раёсати таълим ва шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо мудирони кафедраҳо саминар–машварт оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таҳияи бастаҳои маводи таълимӣ, таҳия ва аз чоп баровардани дастурҳои методӣ баргузор гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ