​Конференсия: Нигоҳе ба бойгарии забони русӣ дар луғати Ожегов

Бахшида ба 120-солагии забоншиноси рус - Сергей Иванович Ожегов ва дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар факултети филологияи рус конференсияи илмӣ-адабӣ ”Бойгарии забони русӣ дар луғати Ожегов” (Богатство русской речи в словаре Ожегова С.И.) баргузор гашт.

Дар конференсияи мазкур аз рӯйи 5 бахш – “Услубиёт ва маданияти нутқ дар забоншиносии муосир ва тадбиқи амалияи забонӣ”, “Тафсири забони русӣ аз нуқтаи назарӣ тартибӣ системавӣ”, “Методикаи таълими забон ва адабиёти рус”, “Забони русӣ дар замони муосир” ва “Масъалаҳои мубрами назарияи адабиёт” маърӯзаҳо шунида шуд.

Баъд аз муҳокима ва баррасӣ як қатор мақолаҳо ба маҷмуаи маводи конференсиявӣ, ки бо забони русӣ таҳти унвони “Приоритетные направления развития школьного и вузовского филологического образования” нашр хоҳад шуд, пешниҳод гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ