​Ҷамъбасти олимпиадаи донишгоҳӣ аз фанни забони англисӣ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров олимпиадаи фаннии сатҳи донишгоҳӣ аз забони англисӣ байни донишҷӯёни факултетҳои забонҳои хориҷӣ ва шарқшиносӣ баргузор гардид.

Дар марҳилаи ниҳоии олимпиадаи донишгоҳӣ аз фанни забони англисӣ 5 донишҷӯ аз факултети забонҳои хориҷӣ ва 3 донишҷӯ аз факултети забонҳои шарқ ширкат варзиданд.

Дар натиҷаи қувваозмоӣ ва хулосаи ҳайати ҳакамон Рухшона Хидирова - донишҷӯи соли 4-уми факултети забонҳои хориҷӣ, Шоҳина Осимова - донишҷӯи курси 3-юми факултети забонҳои шарқ ва Қобилҷон Ҳусейнов - донишҷӯи курси 1-уми факултети забонҳои хориҷӣ бо тартиб 3 мақоми ифтихориро касб намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ