​Озмуни “Килки заррин”: Инъикосгари беҳтарин дар раванди фаъолият муайян ва тақдиронида шуд

Озмуни “Килки заррин”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷамъбаст ва ғолибон дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик тақдиронида шуданд.

Дар номинаи “Инъикосгари беҳтарин дар раванди фаъолият” дар соли 2020-и озмуни мазкур шуъбаи тарбия мақоми аввал ва ду зинаи ифтихории дигарро раёсати илмва инноватсия ва раёсати таълими донишгоҳ касб намуда, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода баён намуд, ки озмуни маврди назар бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бори нахуст ба роҳ монда шуда, ки ин иқдом минбаъд низ такмил ёфта, ба ҳукми анъана хоҳад даромад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ