ДДХ соҳиби Ҷоми Раиси вилояти Суғд гардид

Аз 18-ум то 21-уми феврали соли ҷорӣ, мусобиқаҳои вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд оид ба намудҳои тирпаронӣ, тенниси рӯи мизӣ ва футболи хурд байни кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.

Дар мусобиқоти футболи хурд дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври гуруҳии мусобиқа дар бозии аввал дастаи Колеҷи санъат ба номи С. Ҳофизро бо ҳисоби 9 бар 1 ва дар бозии дуюм дастаи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 14 бар 2 шикаст дода, сарнишини гуруҳи “B” гардид.

Баъдан дар даври нимниҳоӣ дастаи футболбозони донишгоҳ бо дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 5 бар 3 ғолиб омада, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар даври ниҳоӣ бо дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қувваозмонӣ намуда, бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо ва соҳиби Ҷоми Раиси вилоят гардиданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бо мақсади тарғибу ташвиқи намудҳои варзишии тирпаронӣ, футболи хурд ва тенниси рӯи миз байни кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ байни кормандон, оммавигардонии варзиш ва баланд бардоштани маҳорати касбии варзишии кормандон роҳандозӣ шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ