ДДХ: 26 нафар ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят мушарраф шуданд
26 нафар муҳассилини МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Суғд сарфароз шуданд.
Маросими супоридани стипендияи Раиси вилоят имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сурат гирифт.
Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳини супоридани шаҳодатномаи гирандагони стипендия таъкид дошт, ки ҷавонон нерӯи пешбари ҷомеа буда, ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳимояи истиқлоли миллӣ ва рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми муассир мегузоранд.

Гуфта шуд, ки дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон дар меҳвари фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дошта, дар партави дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини имконияту шароити арзанда барои насли ҷавон тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар озмун ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси вилояти Суғд аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷавонони лаёқатманду донишманд роҳхат гирифта, 26 нафар ба ин унвон даст ёфтанд.
Бино ба иттилои мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Хаёмиддин Исмоилов, аз шумораи умумии гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 20 донишҷӯ, 2 магистрант ва 4 докторант мебошанд.
Шоистаи таъкид аст, ки шумораи гирандагони анвои гуногуни стипендия аз МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” сол то сол афзоиш дорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил