​Ҷамъбасти бақайдгирӣ дар лагери зимистонаи онлайнӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи Конфутсий ва Донишгоҳи Нафти Чин

Дар доираи ҳамкориҳо байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи Нафти Чин, ки бо ташаббуси баргузории онлайн лагери зимистона баромада буданд, ҳафтаи гузашта бақайдгирӣ ба охир расид.

Ин барномаи онлай-лагер, ки мақсад баланд бардоштани сатҳи забондонии чиниӣ ва аз наздик шинос кардани донишҷӯён бо фарҳанги қадимаи Чин мебошад, давоми ду ҳафта, аз 15.03.2021 то 26.03.2021 тариқи онлайн бо истифодаи барномаи “Ding Talk”, баргузор мегардад, ҳамаги 91 нафар устодон ва донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ аз қайд гузаштанд.

Баъди итмоми дарсҳо, ки давоми ду ҳафта давом мекунанд, дар охир ба иштирокчиёни лагер аз тарафи Донишкадаи Конфутсий ва Донишгоҳи Нафти Чин сертификатҳо супорида мешавад.

Дар ин лагер, ки донишҷӯён аз кишварҳои гуногуни дунё иштирок мекунанд, барои пайдо кардани дӯстони нав ва омӯзиши фарҳанги гуногун хидмат мекунад, ва албатта, соҳиби сертификат гаштан имконияти ба даст овардани бурсияи Институти Конфутсийро зиёд мегардонад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ