​Мақоми аввали донишҷӯи донишгоҳ дар маҳфил-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин донандаи асари “Тоҷикон”

Дар давраи вилоятии маҳфил-озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” байни донишҷӯёни макотиби таҳсилоти олии касбӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ Фарҳод Ҳоҷиев - донишҷӯи соли 5-уми факултети таърих ва ҳуқуқ фаъолона ширкатварзида, мақоми аввалро соҳиб гардид.

Ғолиби озмун ва иштирокчиёни фаъол дар вазъияти тантанавӣ бо диплом ва туҳфаи хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд қадр гаштанд. Дар ин бора, аз шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ иттилоъ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Фарҳод Ҳоҷиев дар давраи донишгоҳӣ ва шаҳрии маҳфил-озмун мақоми якумро соҳиб шуда, ба давраи вилоятӣ роҳ ёфта буд.

Гуфта мешавад, ки маҳфил озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровдар шинохти асолати миллӣ” бо ибтикори Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тақдими китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи мамлакат ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ