Тасдиқи ҳимояи рисолаи доктории устоди донишгоҳ дар КОА
30-юми октябри соли ҷорӣ, фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷмуҳурии Тоҷикстон таҳти рақами 2014 ба тасвиб расид, ки дар он ҳимояи муваффақонаи рисолаи доктории Насимҷон Ҳамробоев тасдиқ шудааст.
Мавзӯи таҳқиқи Ҳамробоев Н.А. “Марҳалаҳои ташаккул ва таҳаввули ҳаракати тарҷума дар асрҳои VIII-XIV (аз паҳлавӣ ба арабӣ ва аз арабӣ ба форсӣ-тоҷикӣ)” унвон дорад. Дар мавриди мавзӯи таҳқиқшуда, ҳаминро метавон гуфт, ки бо пажӯҳиши мӯйшикофонаи пажӯҳишагар як холигоҳе, ки дар адабиётшиносии мо ва адабиётшиносии арабӣ дар самти баррасии мавзӯи ҳаракати тарҷума мавҷуд буд, то андозае пур гардид. Дар ин баробар паҳлуҳои зиёди таҳқиқнагаштаи ин масъала маълуму муайян гардид, ки умед дорем муҳаққиқони ин самт ин мавзӯъҳоро мавриди ҷустуҷӯву баррасӣ қарор медиҳанд.
Ёдовар мешавам, ки 14 октябри соли 2019 дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дифои кушоди рисолаи доктории Ҳамробоев Насимҷон Абдуллоҷонович баргузор гашта буд.

Роҳнамо ва мушовири илмии Насимҷон Ҳамробоев доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ буд.

Бояд гуфт, ки Насимҷон Ҳамробоев аввалин нафаре мебошад, ки рисолаи докториро аз рӯйи ихтисоси 10.02.14, яъне филологияи классикӣ, филологияи арабӣ ва юнонӣ ҳимоя намуд.

Қобили қайд аст, ки ҷаласаи дифоъ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки устодон ва меҳмонони арҷманд, аз ҷумла, академик Носирҷон Салимӣ, доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Абдусатторов Абдушукур, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи филологияи араби Донишкадаи давлатии шарқшиносии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шомусаров Шорустам Ғиёсович баргузор гардида буд.
Ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Насимҷон Ҳамробоевро ба муносибати тасдиқи ҳимояи муваффақонаи рисолаи докторӣ шодбош гуфта, саодати абад, некномию тандурустӣ ва дар фаъолият комгориву тавфиқи ҳамешагиро таманно менамояд.
МУАРРИФИНОМА
Ҳамробоев Насимҷон Абдуллоҷонович 14-уми октябри соли 1978-ум дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.
Соли 2000-ум факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм намудааст. Солҳои 2000-2003-юм аспиранти кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, пас аз хатми аспирантура солҳои 2000-2004-ум дар Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён ба ҳайси ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмӣ корҳои илмиро давом додааст. Аз соли 2006-ум то 2017-ум дар факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла ҷонишини декан оид ба таълим (с.2006-2010-ум), декани факултети забонҳои шарқ (2012-2015-ум), докторанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқ (2015-2017-ум) кору фаъолият намудааст. Аз моҳи октябри соли 2017-ум то кунун дар раёсати МДТ-и “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба ҳайси мудири шуъбаи табъу нашри раёсати илм ва инноватсия кору фаъолият мекунад.
Номбурда соли 2004-ум рисолаи номзадиро дифоъ намуд. Рисолаи докториашро дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДДХ ба нозами академик Б.Ғафуров ба анҷом расонидааст.
Ҳамробоев Н.А. муаллифи 3 монография илмӣ, беш аз 90 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.