Таҷлили Рӯзи Президент дар факултети филологияи тоҷик
Дар факултети филологияи тоҷик бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабинињои илмию тарбиявӣ доир гардид.
Дар доираи ин иқдом дар кафедраи забони тоҷикӣ тањти унвони “Нақши пешвои миллатдар таҳқиқи забони тоҷикӣ”, дар кафедраи адабиёти муосири тоҷик таҳти унвони “Пешвои миллат ва рушди адабиёти даврони Истиқлол” ва бо ташаббуси кафедраи адабиёти классикии тоҷик таҳти унвони «Пешвои миллат ва адабиёти тоҷику форс” мизи мудаввар баргузор шуд.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро дар замони муташанниҷ ва вазъияти ҳассос оғоз намуда, ба ваъдаи худ вафо ва барои мардуми тоҷик сулҳ овард.
Ҳамзамон, перомуни чанд номгӯйи асарҳои Президенти кишвар маърӯзаҳои илмӣ ироа гардид.
Гуфта шуд, ки китобҳои “Забони миллат – ҳастии миллат” ва “Чеҳрањои мондагор” аз ҷумлаи арзишмандтарин таълифоти Пешвои миллат мебошад, ки дар он худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ таҷассум ёфтааст.
Шоистаи таъкид аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети филологияи тоҷик бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил