​Онлайн-ҷаласаи лоиҳаи “Муколамаи бисёрҷонибаи сарҳадӣ ба хотири таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид

ар раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Гафуров” онлайн-ҷаласаи аввалини лоиҳаи “Муколамаи бисёрҷонибаи сарҳадӣ ба хотири таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ” бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Ҷамешад Ҷӯразода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Рухсора Давлатзода, муовини ректор оид ба тарбия, профессор Аюбҷон Усмонов, директори китобхонаи донишгоҳ, дотсент Дилбар Самадова ва ҳайати лоиҳа баргузор гардид.

Ёрдамчии аввали шуъбаи молия ва назорати ташкилотии байналхалқии фонди Конрод Аденауэра дар Берлин Малериус Штефан ҷаласаро ифтитоҳ намдуда, ҳозиринро бо мақсадҳои асосии лоиҳаи мазкур шинос намуд.

Малериус Штефан қайд намуд, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, дар бораи аҳамияти ҳамдигарфаҳмӣ бо мақсадми пешгирӣ намудани рафтори номатлуб, радикализм, дастгирии шаклҳои гуногуни муколамаи байнисарҳадӣ ва байнисоҳавӣ дар минтақаҳои назди caрҳaдии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон чун максадҳои асосии лоиҳа ба ҳисоб меравад.

Таъкид шуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ташкили «маркази таҳаммулпазирӣ», таҷҳизотонидани утоқи корӣ бо техника, китоб ва дастурамалҳои таълимӣ, таҳияи дастурамали таълимӣ оид ба омӯзиши дарси таҳаммулпазирӣ барои донишҷӯён ва хонандагони мактаб бо иштироки мутахассисони донишгоҳ, гузаронидани омӯзишҳо бо омӯзгорони донишгоҳ, донишҷӯён ва омӯзгорони мактабҳои миёна оид ба мавзӯи таҳаммулпазирӣ дар назар аст.

Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло донишгоҳро муаррифӣ намуда, фикру ақидаҳои худро роҷеъ ба амалишавии лоиҳа баён сохта, таъкид кард, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри татбиқ ва амалӣ намудани лоиҳаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, омода аст, ки аз потенсиал ва таҷрибаи бойи илмӣ-тадқиқотии худ васеъ истифода барад.

Дар идома, иштирокчиёни ҷаласа бо шарикони байналмилалӣ, мақсад, мухлат ва вазифаҳоии асосии лоиҳа аз надик шинос гардида, доири фаъолияти лоиҳа баҳсу музокираҳо гузарониданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ