​Конференсия: Падидаҳои этнофарҳангӣ, ҳифзи асолати фарҳангӣ ва ҳувияти миллӣ дар қаринаи ҷаҳонишавӣ

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Падидаҳои этнофарҳангӣ, ҳифзи асолати фарҳангӣ ва ҳувияти миллӣ дар қаринаи ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид. Конференсияи мавриди назар бахшида ба 70-солагии муаррих, мардумшинос, номзади илмҳои таърих, дотсент Муҳиддинҷон Файзуллоев ба роҳ монда шуд.

Дар ибтидо, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой Султонӣ номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, таъкид кард, ки Муҳиддинҷон Файзуллоев ҳамчун ҳомӣ ва тарғибгари суннатҳои ниёгон дар рушди мардумшиносӣ ва фарҳангшиносӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Пас аз он муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабурӣ сухан карда, доир ба муҳимият ва аҳамияти конференсия, ва дар ин замина, оид ба фаъолияти муаррих, Муҳидинҷон Файзуллоев ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Муҳиддинҷон Файзуллоев муаллифи зиёда аз 60 асари илмӣ, чандин дастурҳои таълимӣ доир ба масоили таърих ва этнографияи халқҳои Осиёи Миёна, музейшиносӣ ва таърихи фарҳанг ба ҳисоб меравад. Хизмати фидокорона ва заҳматҳоибисёрсолаи номбура дар ҷодаи таълиму илм ва тарғиби арзишҳои миллӣ бо унвонҳои “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикитон” ва “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” қадр шудаанд.

Ҳамчунин омири кулли Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов, намояндаи “Россотрудничество”, мудири кафедраи таърихи Ватан ва археология, дотсент Ҷӯрабек Исомитдинов, муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик Адолат Пӯлотова, ҳамкорону дӯстон, шогирдон ва пайвандон ба сухан баромада, аз сифатҳои инсонӣ, хизматҳои шоиста ва саҳми арзишманди соҳибҷашн ҳарф заданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ