​“Ганҷи сухан” аз арзиши баланди китоб ва рӯзгори Камол ёд кард

Нишасти 182-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Он дар партави мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар, ки дар меҳвари он масъалаи китоб, китобхонӣ ва китобдорӣ қарор дошт, сурат гирифт.

Роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов маҳфилро ифтитоҳ бахшида зикр кард, ки китоб сарчашмаи саодати рӯзгори инсон аст ва эҳтиром варзидан ба китоб дӯст доштани он, хондан ва барои дигарон талқин намудан аз амалҳои нек маҳсуб мешавад.

Сипас муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров дар мавзӯи “Китоб ва китобхона” маърӯза намуда, зикр кард, ки “китобу китобхонӣ ба наслҳои мухталиф заковат ва маърифати хос бахшида, боиси дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардани онҳо гардидааст. Китоб ҳамчун ганҷ ва манбаи бебаҳои дониш ҳамеша ба инсон раҳнамоӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳақ ба ҷониби ононест, ки китобро чун Модар ва Ватан муқаддас медонанд”.

Дар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ” Башорат Алиева, сармуаллимаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳозиринро бо китобҳои тозанашр ошно намуда, дар бораи китоби “Найсон”- Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, Нуралӣ Нурзод “Поэтикаи ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил”,“Рақами ишқ”-и Абӯсаиди Абулхайр, ”Аниси дилҳо”-и Аниса Маннонова ба тафсил сухан намуд.

Сипас таҳти унвони “ Нигоҳе ба таърихи китобсозӣ ва китобдории тоҷикон” Ислом Раҳимов дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маърӯза намуда, ҳозиринро бо таърихи китобдориву китобнависӣ ва китобчопкунии халқи тоҷик, таърихи бою рангин дорад ошно намуд. Ӯ оид ба мафҳумҳои марбут ба китобсозӣ маълумоти ҷолиб ироа намуд. Аз ҷумла дар мавриди мафҳуми тасвиркашӣ гуфт, ки дар китобҳои нафиси бадеӣ ва таърихномаҳо кашидани расмҳои хурд расм буд. Китобсозӣ водор кард, ки дар санъати тасвирии ниёгонамон миниатюра рушд кунад. Камолиддини Беҳзод ва рассомони дигар ба китобҳо миниатюра мекашиданд. “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Хамса”-и Низомӣ ва асарҳои дигари классикӣ бо миниатюраҳо зеб ёфтаанд. Рассомони тоҷик асосгузорони мактаби миниатюранигории Ҳирот ва Табрез буданд.

Бахшида ба 700 солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, адабиётшинос Шодӣ Шарифниё. - корманди Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ доир ба “Фарҳанги Камоли Хуҷандӣ” –сарчашмаи шинохт ва маърифати шеъри Камол” маърӯза карда, оид ба аҳамияти китоби мазкур аз назари илми суханшиносӣҳарф зад. Китоби мазкурро натиҷаи заҳмати тӯлонии муаллифи он шоир ва луғатшиноси тоҷик Абдуҷаббори Суруш қаламдод намуда, мутолиаи онродар мавриди шарҳу тавзеҳи ашъори Камоли Хуҷандӣ муҳим арзёбӣ кард.

Пас аз он, дар бахши “Минбари шеър”-и маҳфили “Ганҷи сухан” шоирони номвар Аъзами Хуҷаста, Баҳроми Раҳматзод ва қаламкаши ҷавон Дилноз шеърҳо қироат карданд.

Дар поёни маҳфил ба маърӯзкунандагон ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд тақдим гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ