​Дастоварди устодону донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”

Дар Муассисаи давлатии “Кохи фарҳанги Суғдиён” даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2018 таҳти №АП-1127, оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи санъат ва ҳунар баргузор гузашт.

Дар даври шаҳрии озмуни мазкур устодони ҷавон ва донишҷӯёни факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” фаъолона ширкат варзиданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон дар номинатсияи навозандаи анъанавӣ донишҷӯён - Фарҳод Равшанзода, Мухаммадюнус Эргашев ва Содирхон Убайдуллоев се мақоми аввалиро касб намуданд. Дар номинатсияи сарояндаи анъанавӣ устоди факултети санъат Сардор Солиев соҳиби мақоми аввал гашта, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси сурудхонӣ (халқӣ) Гулноза Ғаффорӣ ҷойи сеюмро касб намуд. Дар номинатсияи ансамбли анъанавӣ ансамбли дуторнавозон ва ансамбли чангнавозон мақоми ифтихориро сазовор гаштанд. Ҳамчунин, дар номинатсияи сурудхои эстрадӣ ансамбли «Навои ҷавонӣ»-и донишгоҳ лоиқи мақоми аввал ва Шерози Камол, донишҷӯйи курси чоруми ихтисоси сурудхонӣ (халқӣ) ҷойи сеюмро касб намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ