​“Нерӯи сухан”: аъзои маҳфил “Factcheck” – далелсанҷиро омӯхтанд

Ин навбат маҳфили “Нерӯи сухан” ба мавзӯи “Factcheck” - далелсанҷӣ бахшида шуд.

Дар доираи маҳфил ба иштирокчиён оид ба аҳамият ва зарурияти омӯзиши далелсанҷӣ маълумот дода шуда, унсурҳои муҳими санҷиши иттилоъ ва факту арқом мавриди ташреҳ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки дар раванди ҷаҳонишавии муосир иттилоъ бо суръати баланд паҳн гардида, санҷиши дурустӣ ва дақиқияти маълумот зарурият пеш овардааст.

Ба аъзои маҳфил усулҳои санҷиши матн, акс ва навор фаҳмонида шуда, намунаҳои маводи санҷидашуда аз сомонаи Factcheck.tj мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар назар аст, ки дар маҳфили минбаъда мавзӯи мазкур мавриди омӯзиши мукаммал қарор хоҳад гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ