Мизи мудаввар: “Сада – ҷашни ниёгон”
Таҳти унвони “Сада-ҷашни ниёгон” дар факултети забонҳои хориҷӣ мизи мудаввар доир гардид. Мизи мудаввар бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ ва кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ баргузор шуд.
Декани факултет профессор Абдуллоева Меҳринисо иштирокчиёни мизи мудавварро ба муносибати фарорасии Ҷашни Сада табрик гуфта, дар бораи аҳамияти таҷлили он ибрози назар намуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик Махкамов Саидқул оид батаърихи пайдоиши Иди Сада маърӯза ироа гардид.
Гуфта шуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардад.
Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯён шеър ва суруд манзур гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил