Паём – ҳуҷҷати роҳнамо

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, фарогири самтҳои муҳими соҳоти гуногуни кишвар маҳсуб ёфта, ҷиҳати рушди Тоҷикистони азизамон роҳнамои муфиду муҳим маҳсуб меёбад. Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардида, дар он масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пешвои миллат бо таъкид ба соли барои сокинони сайёра вазнин, аз ҷумла Тоҷикистони мо зикр доштанд, ки дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.

Гуфта шуд, ки имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид.

Зимни ироаи Паём таъкид шуд, ки дар баробари таъсири манфии бемории сироятии коронавирус мардуми шарифи Тоҷикистон тавонистанд, ки дар тамоми соҳаҳо ба пешрафт ноил гардида, бо эҳсоси волои ватандӯстӣ баҳри рушди мамлакат саҳми бориз гузоранд.

Аз ҷумла, дар Паём оид ба дастовардҳои соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлат бори дигар таъкид доштанд, ки ҳалли масъалаҳои соҳаҳои илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд.

Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст.

Боиси хурсандии ҷомеаи меҳнатии соҳаи маориф ва илм аст, ки масоили марбут ба ин соҳа пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати кишвар қарор дорад. Чуноне Роҳбари давлат қайд намуданд, барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд бояд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем.

Пешниҳоди наҷиб ва судманд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ироа гардид, ин эълони озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” буд.

“Зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад”.

Лозим ба зикр аст, ки озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” давоми ташаббуси наҷиби роҳбарияти кишвар ва Ҳукумати мамлакат дар самти эълони озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маҳсуб ёфта, ҷиҳати дарёфти ҷавонони лаёқатманду фарҳехта ва босаводу соҳибтаҷриба нақши муассир дорад.

Нуктаи муҳиме, ки Сарвари давлат қайд намуданд, ин ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонидани наврасону ҷавонон - истеъдодҳои нодир, ки дар байни мо ба воя расида истодаанд, маҳсуб меёбад.

Гуфтан мумкин аст, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.

Дар маҷмуъ, Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати роҳнамо мебошад, ки татбиқи босамари он омили муҳими таъмини пешрафти мамлакат маҳсуб меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз таваҷҷуҳ, пешниҳодот ва ташаббусу дастгириҳои Роҳбари давлат, ки дар Паём ироа гардид, руҳбаланд гардида, ин ҳуҷҷати роҳнаморо дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони лаёқатманд, дарёфти истеъдодҳои фавқулода ва ҷавонони ташаббускору соҳибмаърифат кӯшиш менамоянд.


Шаҳноза Зарипова,

сармуаллимаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи

ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ