​Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2020, №11/19 тасдиқ карда шудааст.

ТАРТИБИ

ОМОДАГӢ ВА БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Тартиби баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (минбаъд Тартиб) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори тавсиявии ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) таҳия гардидааст.

1.2. Мақсади таҳияи Тартиб омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи маориф мебошад.

1.3. Баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо фармоиши роҳбари мақоми ваколатдори соҳаи маориф муқаррар карда мешавад.

1.4. Омӯзгорон тибқи тартиби муқарраргардида то оғози соли таҳсил аз муоинаи тиббӣ гузашта, дафтарчаи тиббӣ-санитариро ба маъмурияти муассисаҳои таълимӣ пешниҳод менамоянд.

2. Омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил

2.1. Омодагии муассисаҳои таълимӣ ба баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз давраи ба охир расидани соли таҳсили 2019-2020 то оғози соли нави таҳсил идома меёбад.

2.2. Маъмурияти муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кумитаҳои падару модарон ва АВО, сарпарастон, соҳибкорон ва шахсони саховатманд муассисаро таъмир намуда, ба соли нави таҳсил омода менамоянд.

2.3. Бинои муассисаҳои таълимӣ бо шиорҳои тарғибкунандаи илму маориф, донишандӯзӣ, китоб, омӯзгор аз ашъори бузургон ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оро дода мешаванд.

2.4. Сарбории таълимии омӯзгорон барои соли таҳсили 2020-2021 тибқи нақшаи таълимӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардидааст, муайян карда мешавад.

2.5. Барои соли таҳсили 2020-2021 ҷадвали муваққатии дарсҳо таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

2.6. Кӯдакони 7-сола (онҳое, ки аз ибтидои соли таҳсил ба синфи 1 мераванд) бо риояи талаботи тавсиявии ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) ба омодагии пеш аз мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 17.07. то 31.07.2020 бо риояи талаботи тавсиявӣ оид ба вазъи эпидимекӣ фаро гирифта мешаванд.

2.7. Китобдорони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тибқи дархост муассисаҳои таълимиро бо китобҳои дарсӣ таъмин менамоянд.

3. Баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

3.1. Дарси аввал дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, Дарси сулҳ гузаронида шуда, дар он моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

3.2. Дар муассисаҳои таълимӣ барои тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ шароит муҳайё карда мешавад.

3.3. Тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 9-11 дар синфхонаҳо, толори маҷлисгоҳ ва хонаи омӯзгорон бо тадбирҳои безараргардонӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад.

4. Раванди таҳсил

4.1. Таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ аз 17 августи соли 2020 оғоз гардида, бо назардошти риояи тадбирҳои безараргардонӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад.

4.2. Ҳангоми ворид шудан ба муассисаи таълимӣ аз ҷониби навбатдор ва ё шахси масъул ҳарорати хонандагон санҷида шуда, маҳлули безараргардонии дастон истифода мешавад. Дар ҳолати ошкор гардидани таби баланд аз ҷониби корманди тибби муассиса, роҳбари синф ва ё маъмурият падару модари хонанда даъват ва тадбирандешӣ карда мешавад.

4.3. Дар байни ҳар басти таълимӣ синфхона, роҳрав ва ҳоҷатхонаҳо бо маҳлулҳои хлор ва безараргардонӣ коркард карда мешавад.

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2020, №11/19 тасдиқ карда шудааст.

ТАВСИЯҲОИ УМУМӢ

БАРОИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВОБАСТА БА ВАЗЪИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС (COVID-19) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Омодагиҳо ба соли таҳсили 2020-2021 дар ҳамаи зинаи таҳсилот

1.1. Таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо оби нӯшокӣ, об барои шустани даст, собун, маҳлулҳои дезинфексионӣ, ҳароратсанҷҳо (на камтар аз ду адад барои нуқтаи тиббии ҳар мактаб);

1.2. Безараргардонидани атрофи муассисаи таълимӣ, синфхонаҳо, таҷҳизот (мизу курсӣ, ҷевон ва дигар ҷойҳои ба хонанда дастрас), роҳравҳо, ошхона ва дигар ҷойҳои истифодаи доимии хонандагону омӯзгорон;

1.3. Аз ҳисоби омӯзгорон, падару модарон, кормандони соҳаи тандурустӣ таъсиси додани шӯрои ҳамоҳангсоз дар назди муассисаи таълимӣ оид ба таъмини меъёрҳои бехатарӣ, вазъи эпидемикӣ, пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19;

1.4. Корбарӣ намудан бо омӯзгорон, кормандони муассисаҳои таълимӣ, аҳли ҷомеа, падару модарон (шахсони ҳуқуқии кӯдак), калонсолон ва хонандагон ҳангоми рафту омад ба муассисаи таълимӣ ва пӯшидани ниқоб;

1.5. Ҳамкорӣ ва огоҳ намудани падару модарони хонандагон ҷиҳати таъмини ниқобҳои бисёркарата ба фарзандон;

1.6. Муайян ва аз дигарон ҷудо кардани хонандагон ва кормандоне, ки аломатҳои беморӣ доранд (таби баланд, сулфа, душвории нафаскашӣ) ва хабар додан дар бораи ин гуна ҳолатҳо ба муассисаҳои тиббӣ;

1.7. Доштани иртиботи доимӣ бо хонандагон ва кормандоне, ки дар хона маҳдуд шудаанд ва ё ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд;

1.8. Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастурӣ ба хонандагон ва кормандоне,ки аз сабаби вазъи бади саломатӣ дар хона боқӣ монданд;

1.9. Ташкил намудани бозгашти бехатар ба мактаб барои хонандагон ва кормандоне, ки аз COVID-19 сироятёфтаанд;

4. Зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъдидпломӣ

4.1. Барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки дар низоми таҳсилоти кредитӣ фаъолият менамоянд тибқи Стандарту барномаҳои таълимӣ дар як ҳафта дар ҳаҷми 15 соат ва дар як рӯз дар ҳаҷми 3 соат дарсҳои фаъол ташкил ва ба роҳ монда шавад (тибқи талаботи нақшаи таълимӣ дар як нимсолаи таҳсил аз теъдоди умумии 720 соати ҷудогардида 240 соат дарсҳои фаъоли аудиторӣ, 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омузгор ва 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ мебошад, ки дар як ҳафта ба 15 соат баробар аст);

4.2. Вобаста ба имконот ва мавҷудияти пойгоҳи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ машғулиятҳои таълимӣ то 3 баст роҳандозӣ карда шавад;

4.3. Бо мақсади бештар фаро гирифтани донишҷӯён аз синфхонаҳои иловагӣ ва ёрирасон (толорҳои хониш, варзишӣ, китобхона ва амсоли он) истифода бурда шавад;

4.4. Ҳангоми ба роҳ мондани раванди таълим фосилаи иҷтимоӣ дар синфхона ҳатман риоя карда шавад;

4.5. Бо назардошти ҳолати ба амаломада азхудкунии ҳаҷми дарсҳои аудитории мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омузгор тавассути омӯзиши мустақилонаи донишҷӯён пурзӯр карда шавад;

4.6. Раванди таълим дар зинаи магистратура ва докторантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) дар асоси Стандарту барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда шавад.

Тавзеҳот:

-маъмурияти муассисаи таълимӣ метавонад ошхона ва буфети муассисаро то ба эътидол омадани вазъияти паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз фаъолият боздорад;

-фурӯши ҳамагуна маводи хӯрока ва нӯшокиҳо дар дохили муассисаи таълимӣ қатиян манъ карда шавад;

-хонандагон метавонанд бо худ оби ҷӯшомадаро аз хона биёранд;

-маъмурияти муасисаи таълимӣ метавонад дар ҳолатҳои алоҳидаи хоси маҳал дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори далатӣ барои пешгирӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ чораҳои иловагӣ андешад;

-масъулини муассисаи таълимӣ бо истифода аз имконият ва захираҳои мавҷудаи муассиса то ҳадди ақал бехатарии хонандагону омӯзгорон ва кормандон таъмин намоянд.

http://maorif.tj/ahborot/tartibi-omodag-va-barguzorii-rzi-donish-va-darsi-sul

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ