Тағйиру иловаҳо ба нақшаи қабули донишҷӯён дар ИМД-2020

Ба диққати шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2020 мерасонем, ки ба нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои соли таҳсили 2020-2021 баъзе тағйиру иловаҳо ворид гардид. Вобаста ба тағйироти баамаломада баъзе аз ихтисосҳо аз феҳристҳо хориҷ гардида, шумораи ҷойҳои нақшавии чанде аз ихтисосҳои дигар кам ё зиёд шуд. Инчунин, дар нақшаи қабули донишҷӯён якчанд ихтисосҳои нав илова карда шуд.

Азбаски ин тағйиру иловаҳо баъд аз чопи дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” сурат гирифтаанд, ба довталабон тавсия медиҳем, ки барои интихоби ихтисосҳо аз феҳристҳое, ки дар шакли чопӣ дар ҳар як нуқтаи бақайдгирӣ дастрас аст, истифода намоянд. Ҳамчунин, гунаи электронии феҳристҳои ихтисосҳо дар сомонаи Марказ бо дарназардошти тағйиру иловаҳои зикршуда ҷойгир карда шудаанд.

Ба шахсоне, ки ихтисосҳоро бо истифода аз гунаи чопии дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” аллакай интихоб кардаанд, тавсия медиҳем, ки бори дигар интихобҳояшонро бо истифода аз маводди нави нуқтаҳои бақайдгирӣ ё дар сомонаи Марказ ҷойдошта муқоиса намоянд.

Тавре ки маълум аст, интихоби дурусти ихтисосҳо барои ҳар як шахс муҳим ва ҳатто тақдирсоз аст, бинобар ин ба шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД тавсия медиҳем, ки пеш аз интихоби ихтисосҳо бо бахши “Ихтисосро чӣ гуна бояд интихоб кард” аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” (http://ntc.tj/images/Downloads/4_intikhobi_ikhtisos.pdf) шинос шаванд. Дар бахши мазкур дар бораи шарту талаботи интихоби касбу ихтисос, дуруст интихоб кардани муассисаҳои таълимӣ ва намунаи интихоби ихтисосҳо маълумот дода шудааст.

ntc.tj

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ