Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гашт
Таҳти раёсати ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баргузор гашт.
Ректори донишгоҳ ҷаласаро ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо рӯзномаи он шинос намуд.

Сипас, Нозим Охунов – раиси гурӯҳи корӣ, доир ба масъалаи “Беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши равобити байналмилалӣ дар факултети геоэкология: дурнамо ва мушкилот”, Рухсора Давлатзода - муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ оид ба вазъи густариши робитаҳои байналмилалии донишгоҳ дар самти амалишавии лоиҳаҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳо, консулгариҳо, ташкилотҳова донишгоҳҳои хориҷи кишвар, Шавкат Шаропов ва Умеда Ғаффорова – директорони Институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз рафти фаъолияти Институтҳои илмӣ-тадқиқотии назди донишгоҳ: вазъи кунунӣ ва дурнамо гузориш доданд.
Ҳини таҳлили гузориши якум беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши равобити байналмилалӣ дар факултети геоэкология: дурнамо ва мушкилот” роҳбарияти донишгоҳ андешидани чораҳҳои мушаххасро бобати ташкил ва гузаронидани силсилаи дарсҳои намунавӣ, назорати электронии машғулиятҳои таълимии омӯзгорон, беҳтар намудани раванди таҷрибаомӯзии муҳассилин, аз такмили ихтисос гузаронидани устодон, ба барномаи дурнамои илмӣ-татқиқотӣ мувофиқ намудани мавзӯъҳои корҳои илмии устодон ва ғайратақозо намуд.

Дар заминаи масъалаи дуюм – роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати гузаронидани ихтисосҳои донишгоҳ аз аккредатсияибайналмилалӣ, пешниҳоди лоиҳаҳои нав бо фонду ташкилотҳои байналмилалӣ, тақвияти нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ташкили семенарҳо, конфронсҳо, трейнингҳои байналмилалӣ дастурҳои мушаххас ироа намуд.
Баъд аз он, роҳбарияти донишгоҳ вазъи кунунӣ ва дурнамои фаъолияти Институтҳои илмӣ-тадқиқотии назди донишгоҳро мавриди таҳлил қарор дода, барои омода намудани кадрҳои илмӣ ва ҷалби бештари муҳассилин ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, пажӯҳиши афкори педагогии халқи тоҷик ва густариши ҳамкориҳои илмӣ бо марказҳои илмии ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таҳияи “Донишномаи Суғд” фароҳам овардани заминаҳои муосидро тақозо намуд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҷорӣ аз ҷониби Шӯрои олимони донишгоҳ пешниҳод оид ба андозаи 10% зиёд намудани маоши ҳайати профессорону дотсентон, омӯзгорон ва кормандон аз ҳисоби суратҳисоби махсуси МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз якуми январи соли 2021 мавриди таҳлил қарор гирифта, ҷиҳати амалӣ намудани пешниҳоди мавриди зикр қарори дахлдор қабул карда шуд.

Дар идома, барои хизматҳои назарраси меҳнатӣ, саҳми арзанда дар тарбияи ҷавонон, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятию фарҳангӣ, фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ ва ҳамчунин бахшида ба солҳои 2019-2021 –“Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Абдулфаттоҳ Раҳимов, муовини ректор оид ба корҳои таълим, профессори кафедраи геоэкология ва методикаи таълим, Садриддин Абдураҳимов, профессори кафедраи географияи табиӣ, Нодирахон Дадобоева, дотсенти кафедраи геоэкология ва методикаи таълим, сардори маркази бақайдгирӣ ва машварт, Фотима Ачилова, дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиат, Замирахон Муинова, сармуаллимаи кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография, Меҳрӣ Ҳоҷибоева, сармуаллимаи кафедраи географияи табиӣ бо Сипосномаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, ба муовини ректор оид ба корҳои таълим, Абдулфаттоҳ Раҳимов - Сипосномаи Асотсиатсияи олимони ҷавони Ҷумҳурии Қазоқистон барои дастгирии олимони ҷавон ва ба докторанти соли дуюми факултети геоэкология, Шодмон Нурматов - Нишон ва Дипломи дараҷаи якум барои иштирок дар Лоиҳаи байналмилалӣ таҳти унвони “II Международное книжное издание”, “Лучшие молодые ученые -2020” байни муассисаҳои илмӣ-таълимии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки аз ҷониби муттаҳидсозии шахсони ҳуқуқӣ дар шакли ассотсиатсияи “Общенациональное движение «Бобоек»”-и Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил ва гузаоронида шуд, тақдим гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил