​Баргузории маҳфил-озмуни “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”

Маҳфил-озмуни илмию амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии информатикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус баргузор гардид.

Байни донишҷӯён аз рӯйи шартҳои “Саволу ҷавоб тариқи шифоҳӣ”, “Кор бо тахтаи электронӣ” ва “Ворид намудани матн ба компютер” озмун ба роҳ монда шуда, дар натиҷа Адибахон Азимова, Саидмухторхон Атоев ва Шаҳноза Соҳибова се ҷойи ифтихориро соҳиб гаштанд.

Баъдан донишҷӯён доир ба масоили навгониҳои технологияи иттилоотӣ мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ