​Озмуни “Олими ҷавони сол-2019” дар бахши илмҳои гуманитариву дақиқ ҷамъбаст шуд

Озмуни “Олими ҷавони сол-2019” дар бахши илмҳои гуманитариву дақиқ байни муҳаққиқони ҷавони Муассисаи давалтии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷамъбаст ва ғолибон қадр гаштанд.

Дар бахши илмҳои гуманитарӣ Боҳир Раҷабов - номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва дар бахши илмҳои дақиқ Сӯҳроб Отаҷонов - муаллими кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физикаю техника мақоми аввалро касб намуда, бо медал, диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардиданд.

Ба ин тартиб мақоми дуюм насиби Мадина Бобоҷонова - сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва Мавзуна Абдураҳимова - муаллимаи кафедраи географияи табиӣ гашта, мавқеи сеюмро Меҳриддин Муҳаммадизода - сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик ва Мунзифа Алиева - муаллимаи кафедраи технология ва методикаи таълими он касб намуданд ва бо диплому мукофоти пулӣ тақдиронида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ