​Нигоҳе ба баҳси мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ

Дар кафедраи умимидонишгоҳии забони тоҷикӣ таҳти унвони “Нигоҳе ба баҳси мақоми давлатӣ гирифтани забон (дар охири солҳои 80-уми асри ХХ)” мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудавварро мудири кафедра, дотсент Ҳалимҷон Зоиров ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки баъди нимаи солҳои 80-уми асри гузашта дар ҷомеи мо бедории миллӣ ривоҷ ёфта, таваҷҷуҳ намудан ба масъалаҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аҳамияти бештар пайдо намуд. Хосса насли нисбатан ҷавон ба ҳувияти миллӣ ва ҳофизаи таърихӣ мароқи зиёд зоҳир намуда, дар баробари масъалаҳои дигар забон ва мақому сарнавишти онро пайваста дар мадди назар доштанд.

Баъдан тибқи нақша сухан барои гузориш дар мавзӯи “Замина ва омилҳои мақоми давлатӣ гирифани забон” ба доктори илмҳои филологӣ, профессор Толиб Ваҳҳобов дода шуд, ки доир ба мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ибрози назар намуд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар дотсенти кафедра Дилбар Бобоҷонова низ дар мавзӯи “Саҳми Конференсияи маданияти нутқ (24-25.11.1988) дар заминагузории соҳиби мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ” гузориш намуда, мақоми онро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар идома байни иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифта, маърӯзаҳо мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дода шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ