​“Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед” зери ин унвон аксияи тарғиботӣ гузаронида шуд

Имрӯз 31-уми марти соли 2020, дар доираи маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед” дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Аксия бо мақсади пешгирии бемории коронавирус ва эътибор надодан ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ роҳандозӣ гашта, зимни он варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.


Волонтёрони донишгоҳ ба аҳолӣ маълумоти судманд пешниҳод карда, таъкид намуданд, ки то ҳол дар Тоҷикистон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале бо вуҷуди ин, даъват ба амал оварда мешавад, ки ба гигиенаи шахсӣ ва умумӣ риоя намуда, мунтазам дастонро бо маҳлулҳои спиртдори антисептикӣ безарар гардонида, бо собун шустан зарур аст. Ҳангоми сулфа ва атса задан даҳон ва бинии худро бо рӯймолча ё оринҷи даст пӯшонидан, дар ҳолати доштани таби баланд, сулфа ва душворшавии нафаскашӣ ба табибон муроҷиат намудан тавсия дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ба ҳолати 31-уми март дар саросари ҷаҳон теъдоди мубталоён ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 793 ҳазор нафар расида, шумораи шифоёфтагон наздик ба 165 ҳазор кас ва фавтидагон аз 38 ҳазор тан гузашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ