Ташрифи намояндагони Донишгоҳи давлатии Вятски Русия ба ДДХ

Фомин Сергей Валеревич, муовини ректор оид ба фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатиии Вятски шаҳри Кирови Русия ва Меркулова Жанетта Николаевна мутахассиси Идораи таҳсилоти бефосила ва фаъолияти байналмилалии донишгоҳи мавриди назар ба Донишоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Дар ин бора аз шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ иттилоъ доданд.

Дар ибтидои вохӯрӣ, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан карда, аз ҷумла баён дошт, ки донишгоҳ имрӯз бо зиёда аз 100 донишгоҳи хориҷи дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, фаъолияти байналмилалии худро дар амал тадбиқ карда истодааст. Аз ҷумла, ҳамкории Донишоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Донишгоҳи давлатиии Вятски шаҳри Кирови Русия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷумла, дар доираи ҳамкориҳои мутақобила оид ба роҳ мондани муносибатҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён шартномаи тарафайн ба имзо расонида шудааст.

Ҳамчунин муовини ректор оид ба фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатиии Вятски шаҳри Кирови Русия, Фомин Сергей Валеревич зимни ибрози назар оид ба фаъолият ва сохтор ва самтҳои фаъолияти донишгоҳи фавқуззикр маълумот дода, аз густариши равобити муштарак истиқбол намуд.

Иброз гашт, ки дар асоси шартномаи басташуда 30 омӯзгорони факултети психология ва таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобҷон Ғафуров аз 12-ум апрел то 2-юми майи соли ҷорӣ курсҳои такмили ихтисосро дар Донишгоҳи давлатиии Вятски Русия дар мавзӯи “Таълими фанни психология дар муассисаҳои олии касбӣ ва баъдидипломӣ” тариқи онлайн дар ҳаҷми 36 соат гузаштанд.

Дар поёни чорабинӣ ба 30 устоди факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ, ки аз такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатиии Вятск гузаштанд, шаҳодатнома супориди шуд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир устодони факултети забонҳои хориҷӣ ва забонҳои шарқи донишгоҳ аз курси такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатиии Вятски Русия тариқи онлайн гузашта истодаанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ